Тафсири Сураи Зумар Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 55
وَاتَّبِعُوۡۤا اَحۡسَنَ مَاۤ اُنۡزِلَ اِلَيۡكُمۡ مِّنۡ رَّبِّكُمۡ مِّنۡ قَبۡلِ اَنۡ يَّاۡتِيَكُمُ الۡعَذَابُ بَغۡتَةً وَّاَنۡتُمۡ لَا تَشۡعُرُوۡنَۙ ٥٥
Ва-т-табиъу аҳсана ма унзила илайкум-м ми-р-Раббикум-м мин Қабли ай яътиякуму-л-ъазабу бағтата-в ва антум ла ташъурун. 55.
55. Ва пеш аз он, ки ба шумо азоби ногаҳонӣ биёяд ва шумо хабардор набошед, беҳтарини суханро, ки аз ҷониби Парвардигори шумо нозил карда шудааст, он (Қуръон)-ро пайравӣ кунед.
Ин оят ояти Қаблиро тақвият бахшида, Аллоҳтаъоло дар он фармудааст, ки Қуръони азимушшаънро, ки беҳтарини сухан аст ба ҷон Қабул доред, Онро тобеъ шавед, амрҳои онро бо сидқ иҷро кунед, аз он чӣ наҳй (манъ) намудааст, худдорӣ кунед, зеро Қуръон аз сӯйи Аллоҳтаъоло барои мардумон дар сурати беҳтарин китоби осмонӣ нозил шудааст. Аз амал намудан ба он саодати дорайн (ду дунё) ҳосил мешавад. Албатта, пайравӣ аз фармудаҳои Қуръонӣ ҳамон вақт фоидарасон аст, ки пеш аз нузули азоб бошад. Чуноне мегӯянд, илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард. Ғафлатзадагӣ аз азоби ваъдашуда ба манфиати кор нест. Чун шумо аз азоби Илоҳӣ бехабар монед ва он нохост воқеъ гардад, дигар тавбаву руҷӯъ намудан ба сӯйи Аллоҳтаъоло суде ҳам надорад! Зеро дар он вақт…
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «