Сураи Зумар Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 67

وَمَا قَدَرُوْا اللّٰهَ حَقَّ قَدۡرِهٖ ‌ۖ وَالۡاَرۡضُ جَمِيۡعًا قَبۡضَتُهٗ يَوۡمَ الۡقِيٰمَةِ وَالسَّمٰوٰتُ مَطۡوِيّٰتٌۢ بِيَمِيۡنِهٖ‌ ؕ سُبۡحٰنَهٗ وَتَعٰلٰى عَمَّا يُشۡرِكُوۡنَ ٦٧

Ва ма Қадаруллоҳа ҳаққа Қадриҳӣ ва-л-арЗу ҷамӣъан ҚабЗатуҳу явма-л Қийамати ва-с-самавату матвиййатун би ямӣниҳ. Субҳанаҳу ва таъала ъамма юшрикун. 67.

67. Ва нашинохтанд Аллоҳро он чунон ки шоёни ҳақи шинохтани Ӯст ва ҳол он ки дар рӯзи Қиёмат Замин ҳама дар як мушти Ӯст. Ва осмонҳо да Яди (дасти) рости Ӯ печонидашуда бошанд. Пок аст Ӯ ва бартар аст аз он чӣ ба Ӯ шарик муқаррар мекунанд.

Аллоҳтаъоло сифату Қудрат ва азаматии Худро дар ин оят баён намуда фармудааст, ки мушрикон, чуноне, ки Аллоҳтаъолоро бояд бузург шуморидан ва шинохтан лозим аст, нашинохтанд. Ҳатто зоҳиршавии Қудрати Аллоҳтаъолоро дар мавҷуд ва зинда будани шахсияти худашон надонистанду нашинохтанд ва Қадр накарданд. Байни Ӯ таъоло ва сангҳои худашон тарошида (бутҳояшон), ки ҳатто чашмашонро ҷунбонида наметавонанд, баробарӣ ихтиёр карданд. Он чӯбу сангро Худо гуфта, парастиданд. Давоми оят он мушриконро огоҳ месозад, ки бояд бо азамат будани Аллоҳтаъолоро ба ин тариқа бидонанд, ки рӯзи Қиёмат Замин бо ин Қадар бузургию паҳноияш дар як Қабзаву мушти Парвардигор Қарор дорад. Осмонҳо бо ин Қадар бузургу васеъ буданашон валлоҳ аълам мисли коғази ғиҷим шуда дар ямини Ӯ таъоло Қарор доранд. Дар он асно Аллоҳтаъоло мегӯяд: «Манам подшоҳи ягона, дар куҷоянд подшоҳони рӯйи Замин?». Чун ҳама Замину осмонҳо дар тасарруфи Ӯ таъоло ба ин тариқа бошад, оё ҷоиз аст, ки дар ибодати Вай махлуқи беҷонро ё оҷизро шарик дониста шавад? Ҳаргиз!

Хулоса, мушрикон барои Ӯ таъоло шарик муқаррар мекунанд, аз чунин сифатҳо Ӯ таъоло пок аст ва муҳтоҷ ба чизе ҳам нест.

Бародарон ва хоҳарони гиромӣ, дар ин оят зикри калимаҳои арабии «Қабза» ва «ямин» гузашт. Мо ба зоҳири оят имон меорем ва чи навъ будани онро ба Аллоҳтаъоло ҳавола мекунем. Зеро «Қабза» ва «ямин» дар нисбати Аллоҳтаъоло аз ҷумлаи муташобиҳотанд. Ин ду калима ҳамчу сир бар мо бандагон бечигунагӣ пӯшида мемонанд. Яъне «Қабза» ва «ямин»-ро ки ба Аллоҳтаъоло нисбат медиҳем, мисли ямин (дасти рост)-у Қабзаи махлуқ (инсон) нестанд.

Ояти зер аз аҳволи рӯзи Қиёмат сухан мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)