Сураи Зумар Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 66

بَلِ اللّٰهَ فَاعۡبُدۡ وَكُنۡ مِّنَ الشّٰكِرِيۡنَ ٦٦

Балиллаҳа фаъбуд ва кум мина-ш-шакирӣн. 66.

66. Балки хос Аллоҳро парастиш кун ва аз ҳақпазирандагон бош!

Дар ҳақиқат ба сӯйи Ту-ай Муҳаммад (с), ва инчунин ба сӯйи анбиёе, ки пеш аз ту гузаштаанд, ваҳй карда шуд, ки агар ба Аллоҳ ширк биёред Қасам ба Аллоҳ, ки тамоми амалҳои солеҳи шумо фосиданду дар охират дар сафи бадтарин зиёнкорон Қарор мегиред. Балки мисли Пайғамбарони гузашта, ки ҳақро Қабулкунандагон буданд, Ту (с) ҳам ибодати худро бинобар неъматҳои додаам холис барои Ӯ таъоло анҷом деҳу аз ҷумлаи онҳо ва аз ҷумлаи бандагони шукркунанда бош.

Ин хитоби Аллоҳтаъоло ба Расули Худ (с) бар сабили фарз ва тақдир сурат гирифт, вагарна Расулуллоҳ (с) ҳатто миқдори як мижа задан ширк наовардааст. Зеро Аллоҳтаъоло ӯ (с)-ро дар паноҳи исмати Худ нигоҳ доштааст ва медорад.

Хулоса, натиҷаи мазмуни ин оятҳо чунин будааст, ки тамоми пайғамбарони Аллоҳтаъоло ва тамоми динҳои самовӣ ба ваҳдонияти Аллоҳтаъоло ва ботил будани ширку мушрикӣ иттифоқанд. Балки ба воситаи ваҳӣ бар ҳар пайғамбар расида, ки ҷамии амалҳои мушрикон дар охират ҳабата ва зиёновар аст.

Эй бартар аз Қиёсу гумону ваҳму хаёл,

Вар ҳар чи хондаему дидаему шунидаем.

Дафтар тамом гашт, ба охир расид умр,

Мо ҳанӯз дар аввали зоту сифоти Ӯ мондаем.

(Саъдӣ)

Бандаи ҳақиру оҷизро, ки сифатҳои Аллоҳтаъолоро то охир дарк карда наметавонад, чӣ монда ва кӣ ҳуқуқ дода, ки ба Аллоҳтаъоло шарик муқаррар кунад? Агар чунин кунад, ояти зер чунин гуфтааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)