Сураи Зумар Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 68

وَنُفِخَ فِى الصُّوۡرِ فَصَعِقَ مَنۡ فِى السَّمٰوٰتِ وَمَنۡ فِى الۡاَرۡضِ اِلَّا مَنۡ شَآءَ اللّٰهُ‌ ؕ ثُمَّ نُفِخَ فِيۡهِ اُخۡرٰى فَاِذَا هُمۡ قِيَامٌ يَّنۡظُرُوۡنَ ٦٨

Ва нуфиха фи-с-сури фа саъиқа ман фи-с самавати ва ман фи-л-арЗи илла ман шааллоҳ. Сумма нуфиха фӣҳи ухро фа иза ҳум Қийаму-й янзурун. 68.

68. Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳост ва ҳар кӣ дар Замин аст, ҳама беҳуш гарданд, магар онҳое ки Аллоҳ хоҳад. Ва бори дигар дар он дамида шавад, пас, дар он вақт онҳо бармехезанд, (ба ҳар тараф) менигаранд.

Ҳар вауто бо амри Аллоҳтаъоло ҳазрати Исрофил (а) дар сур дамад, ҳар он чи дар осмон ва Замин аст, ҳама мурда мегарданд. Магар онеро, ки Аллоҳтаъоло боқӣ монданашро ирода карда бошад. Мисли фариштагони бардорандаи Арши Раҳмон, ҳурулъайн ва вилдон (хизматгорон)-и Ҷаннат. Баъдан ба амри Аллоҳтаъоло боз дар сур дамида мешавад, ки онро сури зиндакунанда гӯянд, дар ин ҳол тамоми онҳое, ки мурда буданд, зинда мегарданд.

Хулоса, назди аксари муҳаққиқон ва уламо, чуноне ки дар ояти мазкур ишора рафтааст, сур ду маротиба дамида мешавад. Бо дамидани сури аввал ҳама зиндаҳо маргро мечашанд. Баъди дамидани сури дувум, рӯҳи мурдагон ба сӯйи ҷисмҳо бозмегарданд ва мурдагон зинда мегарданд. Дар ин ҳангом манзараҳои аҷибу ғариби маҳшарро менигаранду ба камоли суръат ба назди Аллоҳтаъоло ҳозир мегарданд. Чуноне ки дар сураи «Мӯъмӣнун» омада, ки Ӯ таъоло дар он рӯзи пурдаҳшат мефармояд: «Лиманил мулкул явм, Лиллаҳил ваҳидил Қаҳҳар», «Мар кирост имрӯз мулку ҳукмронӣ?» Вақто ки ҳеҷ кас ҷавоб намедиҳад, Худ ҷавоб мегӯяд: «Мар Аллоҳро, ки ягонаву Қаҳҳор аст». Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)