Сураи Зумар Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 8

۞ وَاِذَا مَسَّ الۡاِنۡسَانَ ضُرٌّ دَعَا رَبَّهٗ مُنِيۡبًا اِلَيۡهِ ثُمَّ اِذَا خَوَّلَهٗ نِعۡمَةً مِّنۡهُ نَسِىَ مَا كَانَ يَدۡعُوۡۤا اِلَيۡهِ مِنۡ قَبۡلُ وَجَعَلَ لِلّٰهِ اَنۡدَادًا لِّيُـضِلَّ عَنۡ سَبِيۡلِهٖ‌ ؕ قُلۡ تَمَتَّعۡ بِكُفۡرِكَ قَلِيۡلًا ‌ۖ اِنَّكَ مِنۡ اَصۡحٰبِ النَّارِ‏ ٨

۞ Ва иза масса-л-инсана Зуррун даъа Раббаҳу мунӣбан илайҳи сумма иза хаввалаҳу ниъмата-м минҳу насия ма кана ядъу илайҳи мин Қаблу ва ҷаъала лиллаҳи андада-л ли юЗилла ъан сабӣлиҳ. Қул таматтаъ би куфрика Қалӣла. Иннака мин асҳаби-н-нар. 8.

8. Ва чун ба инсон ранҷе бирасад, ба сӯйи Парвардигори худ рӯй меораду Ӯро мехонад. Сипас, чун ӯро аз тарафи Худо неъмате арзонӣ шавад, он чӣ пеш аз ин буд, ки Аллоҳро мехонд, фаромӯш кунад. Ва барои Аллоҳ ҳамтоёнро муқаррар кунад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созад. Бигӯ: «Бо куфри худ андак замоне нафъ бардор, албатта ту аз аҳли Дӯзах ҳастӣ.

Инсони кофир табиати аҷоиб дорад чун ба сахтӣ, беморӣ, нодорӣ ва дигар носозгориҳо рӯ ба рӯ биёяд, Парвардигорро ба ёд меораду ба забон «Худо» мегӯяд тавбаву тазаррӯъ мекунад ва бандагиро ба ҷо меорад. Зеро ба яқин медонад, ки ба ҷуз ҳазрати Парвардигор он мусибати бар сараш омадаро касе бартараф карда наметавонад. Чун тамоми ин норасоиҳо ба хости Ӯ таъоло аз сари ӯ дур шаванд ва ба маишате соҳиб гардад, чунон масту ғофил мегардад, ки гӯё бар сари ӯ ҳеҷ гуна сахтие наомада буд. Ҳамаро фаромӯш месозад ва гӯё эътимоди комил дорад, ки дигар чунин рӯзҳои душвор барои ӯ ҳаргиз намеояд. Фикр мекунад, ки дигар ба ёрии Ӯ таъоло ҳеҷ ниёз (ҳоҷат) надорад. Агар ба ибодате машғул шавад, албатта, ба Аллоҳ касеро ё чизеро шарику ҳамроҳ медонад. Неъматеро, ки Аллоҳтаъоло ба ӯ дода буд, барои гумроҳ кардани мардум ба дигар кас нисбат медиҳад. Ба он маъбуде, ки шаръан парастиши он нодуруст аст, чунон муомила мекунаду чунон сар хам мекунад, ки он муомила хос барои Парвардигори ягона буд. Дар натиҷаи он худ гумроҳ аст ва бо ин рафтори худ дигаронро ҳам ба вартаи гумроҳӣ тела медиҳад. Ҳоло дар ин оят Аллоҳтаъоло ҳабиби Худ (с)-ро мефармояд, ки ай Муҳаммад (с) бигӯ, ки эй ғофилону кофирон, аз неъматҳои дунёи фонӣ то вақте ҳастед, баҳра баред ва аз куфри худ лаззат бардоред, хоҳ нохоҳ умри шумо кӯтоҳу замони зиндагии шумо андак аст. Албатта, як чизро бояд бидонед, ки шумо ба ин рафторатон аз аҳли нор ҳастед ва бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Ҷаҳаннам аст. Дигар шумо ҳаргиз аз он халосӣ надоред.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)