Сураи Зумар Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 7

اِنۡ تَكۡفُرُوۡا فَاِنَّ اللّٰهَ غَنِىٌّ عَنۡكُمۡ‌ ۖ وَلَا يَرۡضٰى لِعِبَادِهِ الۡـكُفۡرَ‌ ۚ وَاِنۡ تَشۡكُرُوۡا يَرۡضَهُ لَـكُمۡ‌ ؕ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِّزۡرَ اُخۡرٰى‌ ؕ ثُمَّ اِلٰى رَبِّكُمۡ مَّرۡجِعُكُمۡ فَيُنَبِّئُكُمۡ بِمَا كُنۡتُمۡ تَعۡمَلُوۡنَ‌ ؕ اِنَّهٗ عَلِيۡمٌۢ بِذَاتِ الصُّدُوۡرِ ٧

Ин такфуру фа инналлоҳа ғанийюн ъанкум. Ва ла ярЗо ли ъибадиҳи-л-куфр. Ва ин ташкуру ярЗаҳу лакум. Ва ла тазиру возирату-в визра ухро. Сумма ила Раббикум-м марҷиъукум фа юнаббиукум би ма кунтум таъмалун. Иннаҳу Ъалӣмун би зати-с-судур. 7.

7. Агар кофир шавед, пас, ҳаройина, Аллоҳ аз шумо бениёз аст ва барои бандагони Худ куфрро намеписандад. Ва агар шукр кунеду имон биёред, онро барои шумо меписандад. Ва ҳеҷ бардоранда бори гуноҳи дигареро намебардорад. Баъд аз он бозгаштани шумо ба сӯйи Парвардигори шумост, пас, шуморо бо он чӣ мекардед, хабар диҳад. Ҳаройина, Ӯ ба он чӣ дар сина (дил)-ҳост, доност.

Ояти мазкур валлоҳу аълам, барои муҷримон (гунаҳкорон) таҳдид ва барои итоъаткунандагон ошкоро хушхабар аст. Яъне Ӯ таъоло мефармояд, ки ай мардум, шумо дар олам аз аломатҳои Қудрату ваҳдонияти Аллоҳтаъоло нишонаҳои бешумор мушоҳида намудед. Акнун боз агар кофир шавед, ин бар зарари шумост. Зеро Аллоҳтаъоло ҳаргиз ба шумо ниёзу ҳоҷат надорад. Хоҳ имон меоред ё не, шукр мекунед ё не, ибодат мекунед ё не, аз мулку хазинаҳои Ӯ таъоло на чизе кам мешавад ва на чизе зиёд. Аммо инро бидонед, ки Аллоҳтаъоло аз кофир шудани кас розӣ нест ва ӯро намеписандад. Агар шумо бандагони боимону шукргузор бошед, Ӯ шукру имони шуморо меписандад ва аз ин розӣ ҳам ҳаст. Он шукр ба фоидаи шумост на ба фоидаи Аллоҳ аст. Зеро Аллоҳтаъоло аз тоати бандагони худ на нафъбарандаасту на муҳтоҷ. Ҳар амали солеҳе мекунед, барои худ мекунед ва ҳар кори баде мекунед, онро ҳам бар зарари худ мекунед! Ҳар як банда ба гуноҳи худ ҷавобгӯй асту мукофоти онро, хоҳ бад бошад ва хоҳ нек, мегирад. Ҳеҷ гоҳ гуноҳи як банда ба бандаи дигар бор карда намешавад.

Инро бояд бидонед, ки бозгашти ҳамаи шумо ба сӯйи Аллоҳи ягона аст. Бо ҳар амале, ки дар дунё доштед, аз он шуморо хабар хоҳад дод ва ҳисобот хоҳад гарифт. Мувофиқ ба амалҳои дар дунё содиркардаатон подош хоҳед гирифт. Зеро илми Аллоҳтаъоло комил асту зоҳиру ботини шуморо иҳотакунанда. Чӣ нияте дар дилҳои шумост, албатта, Ӯ таъоло ҳамаро медонад.

Ояти зер аз табиати инсони кофир ва амсоли ӯ хабар медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)