Тафсири Сураи Зумар Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 9
اَمَّنۡ هُوَ قَانِتٌ اٰنَآءَ الَّيۡلِ سَاجِدًا وَّقَآٮِٕمًا يَّحۡذَرُ الۡاٰخِرَةَ وَيَرۡجُوۡا رَحۡمَةَ رَبِّهٖؕ قُلۡ هَلۡ يَسۡتَوِى الَّذِيۡنَ يَعۡلَمُوۡنَ وَالَّذِيۡنَ لَا يَعۡلَمُوۡنَؕ اِنَّمَا يَتَذَكَّرُ اُولُوا الۡاَلۡبَابِ ٩
Ам ман ҳува Қонитун анаа-л-лайли саҷида-в ва Қоима-й яҳзару-л ахирата ва ярҷу раҳмата Раббиҳ. Қул ҳал ястави-л лазӣна яъламуна ва-л-лазӣна ла яъламун. Иннама ятазаккару улу-л-албаб. 9.
9. Оё касе, ки ӯ дар ҳама соати шаб саҷдакунон ва Қиёмкунон ибодаткунанда аст, аз охират метарсад ва раҳмати Парвардигори худро умед дорад (ба мушрики носипос баробар аст?). Бигӯ: «Оё ононе ки (Аллоҳро ягона) медонанд ва ононе ки намедонанд, баробаранд?». Албатта, ҷуз ин нест, ки соҳибони хирад панд мегиранд.
Тавре дар ояти боло амру таҳдиди шадиде баён ёфт, ояти мазкур ҳам давоми ояти боло буда, Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ай Муҳаамад (с), бигӯ оё шахси мутеъу фармонбардору обид, ки дар соатҳои шаб бо саҷдаву, Қиёми том Аллоҳро ибодат мекунад ва аз як сӯ хавфи охират дили ӯро беқарор месозаду аз ҷониби дигар умеди раҳмати Аллоҳи меҳрубонро дар дил устувор медорад, ба мушрике, ки ғайри Аллоҳи ягонаро маъбуд меҳисобаду ибодат мекунад, баробар аст? Ҳаргиз онҳо назди Аллоҳтаъоло ба ҳамдигар баробар нестанд. Ҳеҷ ақли солим онҳоро баробар намедонад. Дар кадом сурат оқил ба ҷоҳил, солеҳ бо толеҳ (амали бадкунанда), обид бо осӣ, муъмин бо мушрик баробаранд? Ҳаргиз баробар набудаанду намешаванд. Касонеро, ки Аллоҳ соҳиби ақлу хиради воло гардонидааст, бо ақли солим андеша ронда, дараҷаҳои доди Аллоҳро дар бандагони Ӯ таъоло пай мебаранд. Ҳар инсонро мақоме Қоил мешаванд. Аммо касе, ки хиради комил надорад, аз куҷо инро пай барад? Тавре мебинем, чунин шахс ба иштибоҳи сахт афтодаасту ӯ ҳамаро яксон медонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «