Сураи Аҳзоб Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ахзоб Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аҳзоб Ояти 7

وَاِذۡ اَخَذۡنَا مِنَ النَّبِيّٖنَ مِيۡثَاقَهُمۡ وَمِنۡكَ وَمِنۡ نُّوۡحٍ وَّاِبۡرٰهِيۡمَ وَمُوۡسٰى وَعِيۡسَى ابۡنِ مَرۡيَمَۖ وَاَخَذۡنَا مِنۡهُمۡ مِّيۡثاقًا غَلِيۡظًا ٧

Ва из ахазна мина-н-набиййӣна мӣсақаҳум ва минка ва мин-н-Нуҳи-в ва Иброҳӣма ва Муса ва Ъӣсабни Марям. Ва ахазна минҳум-м мӣсақан ғалӣза. 7.

7. Ва ба хотир ор, чун аз пайғамбарон аҳди онҳоро гирифтем ва (хусусан) аз ту ва аз Нӯҳ ва аз Иброҳим ва аз Мӯсо ва Исо писари Марям бигирифтем ва аз ҳамаи онҳо аҳди маҳкам гирифтем,

Мақоми ҳеҷ кас ба мақоми Пайғамбарон баробар шуда наметавонад, зеро онҳо мартабаи олӣ доранд, локин Худованд боз ба уҳдаи онҳо масъулиятҳои сангинеро гузоштааст. Худованд дар ин оят ба Расули Худ (с) фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), он ҳангомро ба хотир ор, ки мо аз тамоми пайғамбарон ва ҳамчунин аз ту ва Нӯҳ (а), ва аз Иброҳиму Мусову Исо-писари Марям (а) аҳду паймони вазнину маҳкам гирифтем. Номи пайғамбароне, ки дар ин оят зикр шуд, панҷ нафар буда, дар истилоҳ онҳоро пайғамбарони улулазм мегӯянд. Агарчи Муҳаммад (с) пайғамбари охируззамон аст, локин аз рӯйи он, ки мартабаи баланде, ки дар байни пайғамбарон дорад, дар оят ба ӯ (с) хитоб шудааст. Он аҳду паймон чӣ буд? Муфассирони киром гуфтанд, ки он маъмурияту масъулияти бузурге, ки Худованд бо аҳду паймон бар дӯши онҳо гузоштааст, ин аст: Дар нахуст, Қабл аз ҳар чиз онҳо вазифадоранд, ки бояд Худовандро ибодат кунанд ва ҳама инсонҳоро ба сӯи тавҳид (Худоро якка шинохтан) даъват кунанд. Онҳоро ба сӯи ибодати Мо низ фаро хонанд. Ҳамдигарро тасдиқ кунанд, хайрхоҳи ҳамдигару умматони худ бошанд. Ба амонате, ки бар дӯш гирифтаанд вафо кунанду масъулияти худро ба охир расонанд. Даъвати пайғамбарони пешинро тасдиқ кунанд ва ҳар кадом дар давру замони худ барои пазириши пайғамбарони баъдӣ умматони худро омода созанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аҳзоб «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аҳзоб Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аҳзоб Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)