Тафсири Сураи Анфол Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анфол Ояти 24
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ ۖ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ يَحُولُ بَيْنَ الْمَرْءِ وَقَلْبِهِ وَأَنَّهُ إِلَيْهِ تُحْشَرُونَ ٢٤
Йа айюҳа-л-лазӣна аманустаҷӣбу лиллаҳи ва ли-р расули иза даъакум ли ма юҳйӣкум. Ваъламу анналлоҳа яҳулу байна-л-мар-и ва қалбиҳӣ ва аннаҳу илайҳи туҳшарун. 24.
24. Эй касоне, ки имон овардаед, чун Худо ва Расули Ӯ барои он (чизе) ки шуморо зиндадил месозад, бихонанд, ҳукми Ӯ ва Расули Ӯро қабул кунед. Ва бидонед, ки ҳаройина, Худо байни инсон ва дили ӯ ҳоил аст ва (бидонед, ки) албатта, ба сӯйи Ӯ барангехта хоҳед шуд!
Аллоҳтаъоло дар ин оят ҳамаи муъминҳоро бо садое, ки ба гӯши ҳамаи онҳо форам аст, муроҷиат намуда. Яъне бо нидо амр карда гуфтааст, ки ай касоне, ки имон овардаед, агар Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) шуморо ба сӯйи коре, ки шуморо ҳаёт мебахшад, фаро хонанд, барои иҷрои он лаббайк гуфта итоъат кунед. Зеро фармоиши Худо ва Расули Ӯ (с) ба фоидаи онҳо набуда, балки ба хотири нафъ, некбахтӣ ва ҳаёти гуворои шумост.
Бинобар таъбире, ки аз Қуръони карим гирифта мешавад, он ҳукме, ки бояд пазируфта шавад, имону Ислом аст. Зеро амрҳои исломӣ сар то сар ҳама хайру баракат, муҷиби иззату обрӯйи ин дунё ва пайғомдиҳанда барои ҳаёти хушбахтонаи дунёи абадист. Пас, шахси муъмин ба ҳар тарафе, ки Худо ва Расули Ӯ (с) ӯро бихонанд, тамоми шуғлҳоро яксӯ гузошта, ба сӯйи он бояд бишитобад. Оре! Назди шахси хирадманд аз ҳаёте, ки бе имону бе Ислом мегузарад, марг беҳтар аст. Бояд инсон ба амрҳои Аллоҳ ва Расули Ӯ, (с) ки асоситарини онҳо имону амал кардан ба амрҳои Исломанд ва ин ҳарду ҳаётбахши инсон аст, худро мувофиқ созад… Дар акси ҳол Аллоҳтаъоло метавонад миёни инсон ва дили ӯ монеа пайдо кунад. Яъне парда афганад. Инсон бояд ҳама вақт ба хотир дошта бошад, ки агар кардани кори нек ё парҳез аз гуноҳ имконпазир гардад, фурсатро ғанимат шуморида, фавран онро анҷом диҳад ва ҳаргиз таъхир накунад. Зеро таҷрибаҳо нишон доданд, ки бисёр вақтҳо шуд, ки миёни банда ва иродаи ӯ монеае пайдо шуду натавонист иродаи худро устувор гардонад, ё дар дили ӯ васвасаҳо ғолиб омаданд ва бе иҷрои ягон ибодат аз олам гузашт. Байт:
Кори имрӯзаро ба фардо маяфган, эй ҷавон,
Чӣ донӣ, ки фардо чи гардад замон.
Дар ҷумлаи охири ояти мазкур Худованд бо таъкид хабар додаст, ки албатта, ҳамаи шумо рӯзи қиёмат назди Парвардигоратон барангехта (ҷамъ) хоҳед шуд ва мувофиқи тоатҳои бо ихлос анҷом додаатон подош хоҳед гирифт. Дар шарҳи мазмуни ояти мазкур муфассирони киром чунин ҳадисро ривоят кардаанд, ки бо тафаккур фаҳми маънои оятро хело осон мекунад: Аби Саъиди Муъалло (р) ривоят мекунад, ки дар ҳолате, ки намоз мехондам, Расулуллоҳ (с) маро нидо кард ва ман ба андешаи он ки намозро ба поён расонам, беҳтар аст, ҷавоби эшонро нагардонидам. Чун намозро ба охир расонидам, ба наздашон шитофта гуфтам: “Ё Расулаллоҳ, (с) шумо дар ҳолате маро фаро хондед, ки машғули намоз будам!”
Расулуллоҳ (с) ояти мазкурро тиловат намуда фармуданд:
“Магар Худованди мутаъол нафармудааст, ки: «Ба нидои Аллоҳ ва пайғамбар чун шуморо фаро хонанд, лаббайк гуфта, иҷобат кунед?»
Дар ҳадиси дигар бо ривояти Умми Салама омадааст, ки Расулуллоҳ (с) ин дуоро бисёр мехонданд: «Аллоҳумма муқаллибул қулуб саббит қалбӣ ъала диник» Бор Илоҳо! Эй гардонандаи дилҳо, диламро бар динат собит нигоҳ дор.
Гуфтам: ё Расулаллоҳ магар дилҳоро дигаргуние ҳаст? Фармуданд: «Оре! Аллоҳтаъоло ҳеҷ касе аз бани Одамро наофаридааст, магар ин ки дили ӯ дар миёни ду ангушти било кайф (бемонанд)-и Ӯст. Пас агар бихоҳад, онро росту мустақим ва агар бихоҳад, каҷу мунҳарифаш мегардонад».
Аз барои ҳамин аз Парвардигор дархост мекунем, ки дилҳоямонро баъд аз он ки ҳидоятамон намуд, мунҳариф (ғайри қабулкунандаи ҳақ) нагардонад ва аз Ӯ металабем, ки то раҳмате аз боргоҳи Худ бар мо бибахшояд, ҳамоно Ӯ бисёр бахшояндааст…
Ояти зер ҳам ба муъминон нигаронида шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «