Сураи Анфол Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анфол Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анфол Ояти 25

وَاتَّقُوا فِتْنَةً لَا تُصِيبَنَّ الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْكُمْ خَاصَّةً ۖ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ ٢٥

Ва-т-тақу фитната-л-ла тусӣбанна-л-лазӣна заламу минкум хоссаҳ. Ваъламу анналлоҳа шадӣду-л-ъиқоб. 25.

25. Ва аз фитна бипарҳезед, ки хос ба онҳое ки ситам карданд, намерасад. Ва бидонед, албатта, Аллоҳ сахт азобкунандааст.

Калимаи фитнае ки дар ин оят зикр шудааст, чуноне ки дар дигар оятҳо низ меояд, ба маънои «имтиҳон» ё «бало» аст. Яъне Аллоҳтаъоло бандаҳои боимони Худро бо хитоб огоҳ кунонидааст, ки дар кадом ҷамоъае, ки золимҳо даст ба зулму таҷовуз зананд ва дигарон (олимон, накӯкорон) сукутро ихтиёр кунанд, чун балоеро Аллоҳтаъоло болои сари онҳо резад, фақат золимҳоро нест намекунад, балки солеҳу толеҳ, тару хушк ҳама як ҷо месӯзад. Золимҳо дар баробари гуноҳашон ҳалок шаванд. солиҳону хубон барои дар баробари зулм сукутро ихтиёр карданашон ҳалок мешаванд. Худованд таъкидан бо ваъиди шадид фармудааст, ки ай золимон, ай шахсоне, ки пеши роҳи зулмро нагирифта хомӯш менишинед, бидонед, ки ҳар ойина, азоби Аллоҳтаъоло бисёр шадид аст. Албатта, алайҳи зулм мубориза бурдан кори осон нест, локин ҳар кас бо ихлос ҳаракат кунад, Аллоҳ ба ӯ ёрӣ медиҳад.

Дар ҳадиси шариф бо ривоят Адӣ ибни Умайра (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Худованди таъоло оммаи мардумро ба сабаби амалҳои бади иддае аз онҳо азоб намекунад, магар ин ки корҳои мункарро дар миёни худ бинанд, дар ҳоле ки онҳо бар инкори он қодиранд, онро инкор накунанд. Агар азобу балоеро Аллоҳ бар сари онҳо фиристад, хоссу ом гирифтори он азоб мешаванд». Бинобар ин, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар барои мусалмонҳо наҷотбахшу ҳаётбахшанд.

Бо ривояти Имом Аҳмад аз Ҳузайфа ибни Ямон омадааст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Қасам ба Зоте, ки нафси ман дар тасарруфи Ӯст, албатта, (донандагон ё) амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар кунанд ё қариб аст, ки Аллоҳтаъоло аз назди Худ, албатта, азоберо барои онҳо мефиристад, баъд аз он ҳар чи қадар дуо кунанд, дигар дуоҳои онҳоро қабул намекунад».


Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анфол Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анфол Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)