Сураи Анфол Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анфол Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анфол Ояти 26

وَاذْكُرُوا إِذْ أَنْتُمْ قَلِيلٌ مُسْتَضْعَفُونَ فِي الْأَرْضِ تَخَافُونَ أَنْ يَتَخَطَّفَكُمُ النَّاسُ فَآوَاكُمْ وَأَيَّدَكُمْ بِنَصْرِهِ وَرَزَقَكُمْ مِنَ الطَّيِّبَاتِ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ ٢٦

Вазкуру из антум қалӣлу-м мустаЗъафуна фи-л-арЗи тахофуна ай ятахаттафакуму-н-насу фа авакум ва айядакум би насриҳӣ ва разақакум-м мина-т таййибати лаъаллакум ташкурун. 26.

26. Ва ёд кунед он вақтеро, ки шумо андак будеду дар рӯи Замин нотавон шумурда мешудед, аз он метарсидед, ки мардум шуморо бирабоянд, пас, шуморо бо ёрӣ додани Худ ҷой дод ва шуморо қавӣ гардонд ва аз чизҳои покиза рӯзӣ дод, то шумо шукрона кунед!

Ояти мазкур барои мусулмонон бори дигар он дарсеро, ки аз ояти қаблӣ омӯхтанд, то ин ки ба хубӣ дарк кунанд ва донанд, ки дар ибтидо чи ҳол доштанд ва ҳоло дар чи марҳала қарор доранд, такрор намудааст ва бо ин амал мусалмонҳоро ба ёдоварии таърихашон баргардонидааст. Яъне Аллоҳтаъоло дар ин оят бандаҳои муъмини Худро аз неъматҳои фаровоне, ки ба онҳо арзонӣ намудааст, огоҳ кунонида, гуфтааст, ки дар ёд доред он замонеро, ки шумо дар диёру сарзамини худ, Макка (ё дар муҳоҷират) иддаи кам ва дар чанголи куффор, (чи аз ҷиҳати афрод ва чи аз ҷиҳати иқтисод), хору нотавон будед. Мушрикони Макка, то ин ки шуморо аз динатон баргардонанд, фитнаҳо мекарданд, изо ва алам ба шумо мерасониданд. Илова бар ин, шумо ҳар замон тарс аз он доштед, ки мабодо мухолифон шуморо накушанд. То он дараҷае шароит танг буд, ки шумо кори динии худро пинҳон анҷом медодед. Мустаҳкамии имони шумо то он дараҷае буд, ки ба ҳамаи инҳо тоб овардед. Худованд дар аввал кӯчидани шуморо ба давлати Ҳабаш ва баъд ба Мадина тақдир кард. Шумо дар он ҷо тавонистед худро аз душман муҳофизат кунед. Илова бар ин, шуморо Худованд бо фазли Худ ёрӣ дод, агарчи шумо кам будед, тавонистед дар Бадр бар душмани худ пирӯз шавед. Шумо дар Макка гурусна мегаштед, Худованд аз ашёи покизаи Худ барои шумо ризқу рӯзӣ муҳайё сохт, моли ғаниматро барои шумо ҳалол гардонид, ки барои мусалмонони пешгузашта ҳалол набуд. Акнун ҳамаи ин неъматҳоро ёдовар шуда Аллоҳтаъолоро шукрона кунед. Бузургтарин шукрона он аст, ки чун шуморо Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) ба кадом тарафе хонанд, лаббайк гуфта, итоъат кунед.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анфол Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анфол Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)