Тафсири Сураи Анфол Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анфол Ояти 27
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَخُونُوا اللَّهَ وَالرَّسُولَ وَتَخُونُوا أَمَانَاتِكُمْ وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ ٢٧
Йа айюҳа-л лазӣна аману ла тахунуллоҳа ва-р-расула ва тахуну аманатикум ва антум таъламун. 27.
27. Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худо ва ба Пайғамбари Ӯ хиёнат накунед ва амонатҳои якдигарро хиёнат макунед ва ҳол он ки шумо медонед.
Бештари муфассирон бо ривояти Абдураззоқ ибни Абиқатодаи аз-Заҳрӣ сабаби нузули ояти мазкурро дар шаъни Абулубоба ибни Абдул-Манзар донистаанд, ки Пайғамбар (с) ӯро ба сӯйи бани Қурайза фиристода буд, зеро онҳо дар аҳди худ хиёнат карда буданд. Яъне яҳудони бани Қурайза баъди шикаст хӯрдан ва бисту чанд рӯз дар муҳосара мондан, аз Он ҳазрат (с) дархости сулҳ карда хостанд, ки ба онҳо он муъомилае шавад, ки бо бани Назир шуда буд. Яъне иҷозат шавад, то онҳо ба Шом кӯчида раванд. Дар посух Пайғамбар (с) ба онҳо фармуд: “Мо ба шумо он қадар ҳуқуқ медиҳем, ки барои худ Саъд ибни Муъоз (р)-ро ҳакам қарор диҳед, то ӯ байни шумо, чи доварие кунад, розӣ бошед.” Онҳо бо иҷозаи Пайғамбар (с) барои машварат Абулубоба (р)-ро назди худ хонданд ва фикри ӯро дар бораи Саъд-ибни Муъоз (р) (оё ӯ ба фоидаи онҳо ҳукм мекунад, ё бар зарари онҳо) донистан хостанд. Азбаски дороӣ ва аҳлу аёли Абулубоба (р) назди бани Қурайза буд, ӯ бо иҷозати Расулуллоҳ (с) ба назди онҳо рафту пайғоми Расулуллоҳ (с)-ро ба онҳо расонид. Вақто ки онҳо дар ин амр бо ӯ машварат карданд, ба онҳо гуфт: “Ҳарчи ки бошад, ҳукми Расулуллоҳ (с)-ро бипазиред,” локин бо дасти худ мисли шамшер ба ҳулқуми худ ишора кард. Яъне пазириши ҳукми Расулуллоҳ (с) ба воситаи доварии Саъд ибни Муъоз (р) гардан задани шумост. Вале ҳамоно бедаранг ба фикраш омад, ки ӯ ба Худо ва Расули Ӯ (с) хиёнат кардааст, лизо савганд хӯрд, ки ба ҳеҷ хӯрданӣ ва нӯшиданӣ то мурдан, ё то тавбаи ӯро Худои маннон қабул кардан, лаб намезанад. Он гоҳ ба масҷиди набавӣ рафт. Худро ба яке аз устунҳои масҷид ба муддати ҳафт-нуҳ рӯз баст ва дар ин ҳол боқӣ монд. Зан ва духтараш ӯро дар он ҳол хизмат мекарданд, барои намоз ва зарурати инсонӣ ӯро мекушоданд, баъди фароғ ӯро боз мебастанд. Кори ӯ ба он ҷо расид, ки аз гуруснагӣ ва ташнагӣ беҳуш шуда ба Замин афтод. Ҳамоно буд, ки Аллоҳтаъоло ба пайғамбари Худ пазириши тавбаи ӯро хабар дода, ояти мазкурро нозил намуд. Ба ӯ ва амсоли ӯ фармуд, ки ай касоне, ки имон овардаед, ай касоне, ки «Ла илаҳа иллаллоҳ (нест ҳеҷ илоҳе сазовори парастиш магар Аллоҳ)» мегӯед бар зидди ин шиори додагиатон ба Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) хиёнат накунед! Хиёнат ба Аллоҳ ва зиддият ба шиъори «Ла илаҳа иллалоҳ» он аст, ки дар вақти ибодат ғайри Ӯ таъоло парастиш шавад ва аз манъкардаҳои Ӯ инсон худро дошта натавонад. Хиёнат ба Пайғамбар (с) он аст, ки хилофи ӯ (с) ва хилоифи шариати ӯ (с) ва хилофи суннати ӯ (с) амал кунад.
Дар ҷумлаи охирин Аллоҳтаъоло супориш додааст, ки вақте шумо худро дар байни мардум инсони амонатнигоҳдор меҳисобед, дар амонатҳое, ки байни якдигар мегузоред, хиёнат накунед. Ҳар муомилае, ки байни ду нафар ё ду гурӯҳ ва ё ду давлат аст, амонат аст. Ӯро ба таври дуруст бояд ба роҳ монд (Хоҳ ӯ шахсӣ бошад ё иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ). Аз он ҷумла, сирри муъминонро дониста назди кофирон, ё мунофиқон ифшо кардан хиёнат аст. Вазифае ба инсон супорида шавад, он амонат аст, қасдан аз он сӯйи истифода кунад хиёнат аст.
Хулоса, ба ҳамин тартиб Аллоҳтаъоло муъминонро аз хиёнат кардан наҳӣ кард. Ҳангоми нозил шудани ояти мазкур мардум ба Абулубоба (р) мужда расониданд ва хостанд ӯро аз устуни масҷид боз кунанд, аммо ӯ савганд хӯрд, ки бояд Расулуллоҳ (с) бо дасти муборакашон боз намоянд. Ҳамоно буд, ки Расули Худо (с) омаданд ва вайро боз карданд. Ривояте ҳаст, ки чун Расуллуолоҳ (с) аз ин ҳодиса иттилоъ ёфтанд, фармуданд: «Агар ӯ аввал ба назди ман меомад, ман барои ӯ истиғфор мекардам, тавбааш пазируфта мешуд, вале ӯ чунин накард, бояд интизори нузули ояти тавба бошем…» то охири қисса.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анфол «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «