Сураи Анъом Ояти 150 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 150 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 150

قُلْ هَلُمَّ شُهَدَاءَكُمُ الَّذِينَ يَشْهَدُونَ أَنَّ اللَّهَ حَرَّمَ هَٰذَا ۖ فَإِنْ شَهِدُوا فَلَا تَشْهَدْ مَعَهُمْ ۚ وَلَا تَتَّبِعْ أَهْوَاءَ الَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَالَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ وَهُمْ بِرَبِّهِمْ يَعْدِلُونَ ١٥٠

Қул ҳалумма шуҳадаакуму-л-лазӣна яшҳадуна анналлоҳа ҳаррама ҳаза. Фа ин шаҳиду фа ла ташҳад маъаҳум. Ва ла таттабиъ аҳваа-л лазӣна каззабу би айатина ва-л-лазӣна ла юъминуна би-л-ахирати ва ҳум би Раббиҳим яъдилун.150.

150. Бигӯ: «Гувоҳони худро биёред!. То онон гувоҳӣ диҳанд, ки Аллоҳ инро ҳаром сохтааст!». Пас, агар гувоҳӣ диҳанд, пас, ту ба онҳо эътибор мадеҳ ва хоҳишҳои касонеро, ки оятҳои Моро ба дурӯғ нисбат додаанд, пайравӣ макун ва касоне, ки ба охират имон надоранд, ба Парвардигори худ дигаронро баробар мекунанд!

Дар оятҳои қаблӣ гузашт, ки мушрикҳо бе он ки ягон далеле барои онҳо аз тарафи Парвардигор омода бошад, бо ихтиёри худ баъзе ҳайвонҳоро ҳалолу баъзеро ҳаром ҳукм намуданд. Ҳоло бошад ояти мазкур барои ин афрод як навъ ҷавоб буда, Ӯ таъоло ба Пайғамбари Худ (с) фармуда аст, ки ба ин мушрикҳо бигӯ, ки ай мушрикҳо, бо гумони худ гӯё аз сӯйи Аллоҳтаъоло барои шумо амр шуда бошад, ки баъзе ашёро барои худ ва ё барои ҳамсарони худ ҳалолу ҳаром ҳукм кунед. Пас, барои тасдиқи рафтори хеш агар шоҳидҳо дошта бошед, пеш биёред, то мо бо онҳо сари мубоҳиса бинишинем ва ҳақиқати мақсади шуморо аён кунем.

Дар идомаи оят Ӯ таъоло Ҳабиби Худ (с)-ро таълим додааст, ки ин тоифа аз Худо натарсида, ҷуръат карда, мушрик шуданд ва худсарона аз пеши худ, ҳукмҳо бароварданд, ба Аллоҳтаъоло дурӯғҳо бастанд. Ҳоло аз эҳтимол дур нест, ки бори дигар имкон пайдо карда, домани ғирромбозиҳоро гирифта, барои худ шоҳидҳо ва далелҳои бардурӯғ бисозанд, вале ту ба онҳо ҳамроҳӣ макун.Тобеи онҳо магарду ба дурӯғи онҳо дода машав ва ин дуруғашонро тасдиқ макун. Зеро онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки натарсида оятҳои моро дурӯғ ҳисобиданду ба рӯзи қиёмат имон наоварданд ва бутпарастӣ карда ба Аллоҳи яккаву ягона чизеро баробар донистанд. Бинобар ин, ту асло дар ин ҷода бо онҳо марав ва аз ҳамақидаҳои онҳо мабош!!!

Хулосаи муфассирони киром ин аст: касоне, ки худсарона ҳалолро ҳаром ё ҳаромро ҳалол мегӯянд, мувофиқи ҳукми ин оят мушриканд.

Ояти зер баёнгари он чизҳоест, ки дар ҳақиқат ҳам Аллоҳтаъоло онҳоро ҳаром гардонида аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 149 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 151 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)