Сураи Анъом Ояти 151 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 151 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 151

۞ قُلْ تَعَالَوْا أَتْلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمْ عَلَيْكُمْ ۖ أَلَّا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا ۖ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا ۖ وَلَا تَقْتُلُوا أَوْلَادَكُمْ مِنْ إِمْلَاقٍ ۖ نَحْنُ نَرْزُقُكُمْ وَإِيَّاهُمْ ۖ وَلَا تَقْرَبُوا الْفَوَاحِشَ مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَمَا بَطَنَ ۖ وَلَا تَقْتُلُوا النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلَّا بِالْحَقِّ ۚ ذَٰلِكُمْ وَصَّاكُمْ بِهِ لَعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ ١٥١

۞ Қул таъалав атлу ма ҳаррама Раббукум ъалайкум алла тушрику биҳӣ шай-ав ва би-л-валидайни иҳсана-в ва ла тақтулу авладакум-м мин имлақ. Наҳну нарзуқукум ва иййаҳум. Ва ла тақрабу-л-фаваҳиша ма заҳара минҳа ва ма батан. Ва ла тақтулу-н нафса-л-латӣ ҳаррамаллоҳу илла би-л-ҳаққ. заликум ва-с-сокум биҳӣ лаъаллакум таъқилун. 151.

151. Бигӯ: «Биёед, то он чӣ Парвардигоратон бар шумо ҳаром ҳукм кардааст, бихонам: (он) ин аст, ки ба Ӯ чизеро шарик ҳисоб накунед ва бо волидайн накӯӣ кунед ва фарзандони худро аз (хавфи) фақр ба қатл нарасонед. Мо шуморо ва онҳоро рӯзӣ медиҳем ва ба беҳаёиҳо, он чӣ зоҳир бошад ва он чи пӯшида бошад, наздик машавед. Ва ҳеҷ инсонро, ки Аллоҳ (хуни онро) ҳаром сохта аст, макушед, магар ба ҳақ. Инҳост, он чӣ ки Аллоҳ ба иҷрои он шуморо супориш карда аст. Бошад, ки шумо ақлҳоятонро кор фармоед.

Зимни тавзеҳи ояти мазкур Довуди Авдӣ аз Шаъбӣ ва Шаъбӣ аз Алқама ва Алқама аз Ибни Масъуд (р) чунин ривоят кардааст, ки Ибни Масъуд (р) гуфтанд: Агар шахсе хоҳад, ки он васиятномаеро, ки дар он мӯҳри Расулуллоҳ (с) гузошта шудааст, назар кунад, бояд оятҳои 151-153-и сураи “Анъом”-ро мутолиа кунад.

Ҳоким дар «Мустадрак»-и худ аз Сайрафӣ ва ӯ аз Урва ва дар охир аз Ибни Аббос (р) чунин овардаанд, ки Ибни Аббос (р) гуфтанд: “Дар сураи “Анъом”, оятҳое ҳаст, ки онҳо мӯҳкамоту уммулкитоб (модари китоб) ҳастанд. Баъди ин нукта Ибни Аббос (р) ҳамин ояти 151-умро тиловат намуданд.”

Ҳоким низ дар “Муснад”-и худ аз Язид ибни Ҳорун ва дар охир аз Убода бинни Сомит ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) бо ишора ба асҳоби худ гуфтанд: “Кадоме аз шумо дар ин се чиз маро байъат мекунед?” Расули Худо (с) чунин суолро ба миён гузошта, ояти мазкурро қироат кард. Чун аз хондан фориғ гашт, бо робита бо ин оят ин ҳарфҳоро ба забон овард: “Пас шахсе (ба инҳо) вафо кунад (амал кунад) аҷри вайро Аллоҳ медиҳад ва шахсе аз инҳо чизеро кам намояду нуқсон варзад, (дар ин дунё) ҷазо бинад. Ҷазои шахсе ба қиёмат вогузор шавад қазияи ӯ ба Аллоҳ супорида мешавад. Агар Аллоҳ ирода кунад, азобаш намояд ва агар не, афваш кунад.” (аз Ибни Касир).

Ба ҳар тақдир, Аллоҳтаъоло дар ин оят Расули худро чунин амр намудааст, ки ай Муҳаммад (с), ба он мушриконе, ки ғайри Худо дигар чизро низ мепарастанд ва баъзе чизҳои ҳалоле, ки Аллоҳ барои бандаҳояш офарида аст, ҳаром ҳукм мекунанд ва авлоди худро бо васвасаҳои шайтон мекушанд, бигӯ, ки ин ҳама кори шумо худсарона ва хатост. Биёед, то ман барои шумо он чизеро, ки Парвардигори шумо ҳаром ҳукм намуда аст, хонаму хабар диҳам, ки дар он на гумон аст, на тахмин ва на дурӯғ, балки он чи ба шумо гуфта мешавад, ваҳйест аз сӯйи Аллоҳтаъоло! Васияти аввали ман ин аст, ки ба Аллоҳ ягон чизро ба ҳеҷ ваҷҳ шарик наоред. Оре! Дар ин хусус оятҳо ва ҳадисҳои хеле фаровон ривоят шудааст. Масалан, дар “Саҳеҳ”-и Муслим аз Ибни Масъуд (р) омадааст, ки ӯ гӯфт: “Шахсе фавтад дар ҳоле ки ба Аллоҳ ҳеҷ ширке наоварда аст, дохили Ҷаннат мешавад”. Дар ояти 47-уми сураи “Нисо” чунин омада: “Ҳар ойина, Аллоҳтаъоло касеро, ки ширк оварда бошад, мағфират намекунад ва аз ширк поён агар гуноҳе содир шавад, он мағфиратшаванда аст”.

Васияти дувум ин аст, ки ба падару модари худ накӯйӣ кунед. Оре! Аллоҳтаъоло дар оятҳои Қуръон дар бисёр маврид иззату эҳтироми волидайнро бо тоату ибодати худ дар як мақом қарор додааст. Яъне ба ҷо овардани эҳтироми волидайн ва ба онҳо накӯӣ кардан аз зумраи беҳтарин ибодатҳост. Дар “Саҳеҳайн” дар ин хусус аз Ибни Масъуд (р) ривоят омадааст, ки мегӯяд: Аз Расулаллоҳ (с) пурсидам, ки ё Расулаллоҳ (с), кадом амал беҳтар аст? Гуфтанд: “Адо кардани намоз дар вақти худ.” Пурсидам: боз кадом амал беҳтар аст? Гуфтанд: “Ба падару модар некӯӣ кардан.” Пурсидам: боз кадом амал беҳтар аст? Гуфтанд: “Дар р


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

оҳи ризои Аллоҳ ҷиҳод намудан.” Ибни Маъсуд (р) мегӯяд, ки агар боз суол медодам, Расули Худо (с) барои ман зиёд мегуфтанд.

Васияти севум: Аз тарсу бими ба фақру камбағалӣ мубтало шудан фарзандони худро қатл накунед. Оре! Одати арабҳои замони ҷоҳилият чунин буд. Аллоҳтаъоло бандаҳои Худро дилпур намуда гуфтааст, ки ҷойи тарсу ҳарос нест, ба ҳеҷ сурат зинда мондани он навзодон шуморо муфлису бебизоат намегардонад, Мо ҳам ба шумо ва ҳам ба онҳо ризқу рузӣ медиҳем.

Дар “Саҳеҳайн” аз Абдуллоҳ бинни Маъсуд (р) ҳадисе ворид шуда аст, ки Расулуллоҳ (с)-ро пурсиданд: Кадом гуноҳ бузургтар аст? Дар посух гуфтанд: “Агар ба Офаридгори худ чизеро шарик донӣ.” Боз аз Ӯ (с) пурсиданд: Кадом гуноҳ бузургтар аст? Гуфтанд: “Аз хавфи камбағалӣ фарзанди худро ба қатл расонидан.” Пурсиданд: Боз кадом гуноҳ бузургтар аст? Гуфтанд: “Бо зан (ё духтар)-и ҳамсоя зино кардан.” Баъди чунин суолу ҷавоб Расулуллоҳ (с) давоми ҳамин оятро тиловат карданд, ки гуфтаи ӯ (с)-ро тасдиқ менамуд.

Чаҳорум васияте, ки Аллоҳтаъоло бандагони худро аз иҷрои он боз дошта аст, ба гуноҳҳои фаҳш зоҳирану ботинан наздик шудан аст. Тафсири ин ҷузъи оят дар ояти 120-уми ҳамин сура гузашт ва бо овардани ҳадисе аз такрори эзоҳи он даст кашидем. Дар “Саҳеҳайн” аз Ибни Маъсуд (р) чунин ривоят омада аст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Ҳеҷ нафар аз Аллоҳтаъоло дида ғайратноктар нест, аз ҳамин ҷиҳат гуноҳҳои фоҳишро, чи зоҳиран бошанду чи ботинан, ҳаром гардонида аст.”

Абдул Малик бини Умайр аз Варрод аз мавлояш Муғира ривоят кардааст, ки Саъд бини Убода гуфт: Агар марди бегонаеро ҳамроҳи ҳамсарам медидам, на ба пушти корд, балки бо дами он вайро мезадам. Ин суханро ба Расулуллоҳ (с) расониданд. Ӯ (с) дар тасдиқи сухани бини Убода гуфтанд: “Оё тааҷҷуб намекунед?Аз ғайрати Саъд дида дар ин масъала ман ғайратноктарам ва Аллоҳтаъоло аз ман ғайратноктар аст? Аз ин боис гуноҳҳои фоҳиш, чи зоҳир бошанду чи ниҳон, ҳаром гардонида, шудаанд.”

Хулоса, дар ин мавзӯъ ҳадисҳои саҳеҳи зиёде фароҳам омадааст, ки ин ҷо овардани ҳамаи онҳоро имкон надорем. Бояд бигӯем, ки шахси мусалмон барои дифоъ аз нангу номус ва обрӯи маҳорими худ боистӣ аз хеш ғайрат нишон диҳад. Агар дар чунин ҳолатҳо хомӯширо авло донад, аз шумори даюсон аст.

Панҷумин васияте, ки Аллоҳтаъоло барои роҳ надодани он амр карда аст, ин нарехтани хуни ба ғайри ҳақ мебошад. Оре! Аллоҳтаъоло мардумро таъкидан аз резонидани хуни ба ғайри ҳақ наҳй карда, гуноҳи онро дар шумори гуноҳҳои фоҳиш қарор додааст. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки рехтани хуни ноҳақ аз гуноҳҳои қаблӣ дида ҳаромтар буда, ба ҷуз қатли қотил муҷозоти дигар надорад. Дар ин мазмун ояти 32-юми сураи “Моида” ҳам ҳушдор дода аст: агар касе касеро ба ноҳақ ҳалок созад, гуноҳи ӯ ба он баробар аст, ки гӯё тамоми мардуми рӯйи Заминро ба қатл расонидааст. Касе нафареро аз вартаи ҳалокат бираҳонад, гӯё ҳамаи мардумро аз марг наҷот додааст.

Бо овардани ҳадиси зайл ҷузъи истиснои ояти мазкур, яънеки бо ибораи «илло бил ҳақ» ифода ёфтааст, иншоаллоҳ, эзоҳи худро хоҳад ёфт. Абӯ Довуд ва ан-Насоӣ аз модарамон Ойша (раз) чунин ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) чунин гуфтанд: “Резонидани хуни шахси мусалмоне, ки гӯяндаи ло иллоҳа иллалоҳ ва анни расулуллоҳ (нест Аллоҳе магар Аллоҳи ягона ва ба дурустие, ки Муҳаммад Расули Ӯст) аст, ба ғайри се сабаби роиҷ иҷозат (ё ҳалол) нест, балки корест ҳаром.” Он се сабаб инҳоянд: “1-ум мард ё зане, ки зинокоранд. 2-юм шахсе ки хуни ба ғайри ҳақро резонад. 3-юм шахсе ки аз дини худ, яъне аз Ислом дурӣ ҷуста, аз ҷамоаи мусулмонҳо фирор карда, ба куффор пайваст шавад.”

Бо ривояти Имом Аҳмад ва Тирмизӣ ва Насоӣ ва дигарон аз амирулмуъминин Усмони бинни Аффон (р) (ҳангоме ки душманҳо вайро дар муҳосира нигоҳ медоштанд) омадааст, ки ӯ (р) гуфт: Аз Расулуллоҳ (с) шунидам, ки мегуфт: “Резонидани хуни мусалмон бе содир кардани ин се кор ҳалол нест: 1-ум марде, ки баъд аз Ислом оварданаш баргашта кофир шуда бошад. 2-юм бо никоҳи саҳеҳ зан гирифта асту боз ба зино машғул шудааст. 3-юм касеро ба ноҳақ куштааст. Ба Аллоҳ қасам, на дар ҷоҳилият ва на дар даврони тантанаи Ислом, олуда ба зино набудаам ва баъди он, ки Худованд маро ба дини мубини Исломи аз

из ҳидоят намуд, ба ҷойи он дини дигареро орзу накардаам ва ҳамчунин ба ноҳақ ҳеҷ гоҳ хуни касеро нарехтаам, пас барои чӣ қасди ҷони ман доред?”

Аллоҳтаъоло дар охир ба дастурҳои додаи хеш ишора намуда, фармудааст, ки ба шумо чунин супориш додем, то шояд шумо аҳдномаҳои динӣ ва амру наҳйро фаҳмида, ақлҳоятонро кор фармоеду байни ҳалолу ҳаром фарқ гузошта тавонед.

Хулоса, мухтасаран мазмуни ояти мазкур ин аст, ки Аллоҳтаъоло чанд амалро барои бандагони Худ ҳаром гардонид ва аз онҳо дурӣ ҷустанро амр намуд. Аз ҷумла, аз ба Худо ширк овардан, аз раво дидани муносибати ношоиста ба волидайн, аз ба қатл расонидани фарзандон, аз даст ба зинокорӣ задан ва аз хуни ба ғайри ҳақ рехтан.

Ояти зер идомаи мантиқии ояти боло буда, чанд масъалаи муҳимро бозгӯ месозад.

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 150 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 152 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)