Тафсири Сураи Анъом Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Анъом Ояти 92
وَهَٰذَا كِتَابٌ أَنْزَلْنَاهُ مُبَارَكٌ مُصَدِّقُ الَّذِي بَيْنَ يَدَيْهِ وَلِتُنْذِرَ أُمَّ الْقُرَىٰ وَمَنْ حَوْلَهَا ۚ وَالَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ يُؤْمِنُونَ بِهِ ۖ وَهُمْ عَلَىٰ صَلَاتِهِمْ يُحَافِظُونَ ٩٢
Ва ҳаза китабун анзалнаҳу мубараку-м мусаддиқу-л-лазӣ байна ядайҳи ва ли тунзира Умма-л-қуро ва ман ҳавлаҳа. Ва-л-лазӣна юъминуна би-л-ахирати юъминуна биҳӣ ва ҳум ъала салатиҳим юҳафиЗун. 92.
92. Ва ин Қуръон китобест бобаракат, ки онро фиристодем, ӯ тасдиқкунанда аст он чиро ки пеш аз вай буд, то битарсонӣ аҳли модаршаҳр (Макка)-ро ва касонеро, ки атрофи ваянд ва касоне ки ба охират имон овардаанд, ба Қуръон низ имон оранд ва онҳоянд, ки намози худро муҳофизат (дар вақташ адо) мекунанд.
Бо иттифоқи муфассирон дар ишораи «Ва ҳозал китоб» – (ин китоб), Қуръони карим дар назар дошта шудааст. Аллоҳтаъоло дар ин оят, баъзе сифатҳои худро васф намуда гуфтааст, ки ин китобе, ки мо барои Муҳаммад (с) нозил намудем, аз ҳама ҷиҳат бобаракат аст. Дар маконе, ки нозил шудааст, он ҷой низ бобаракат аст. Зоте, ки онро нозил намудааст, бобаракат аст ва зоте, ки Қуръонро қабул кардааст, бобаракат аст. Уммате, ки Қуръонро дар байни худ татбиқ намуда, ҳукмҳои ӯро дар миёни худ пиёда намуданд, низ уммати бобаракатанд. Сухану ҷумлаҳои қуръонӣ кӯтоҳу кам бошанд ҳам, аммо дар эзоҳу тавзеҳи маъно бисёр баракат доранд. Инсоне, ки ин Китобро хонад ва ба он амал кунад, дар умру ризқу рӯзии худ баракати бисёр мебинад. Қуръон манфиъатҳои дунёву охират ва илмҳои аввалину охирин ва барои инсон заруриро дар бар дорад. Пас шумо яҳудиён чӣ гуна мегӯед, ки Худованд ҳеҷ чизро бар ҳеҷ башаре нозил накардааст?. Барои яҳуду мушрикони Қурайш чӣ ҷойи тааҷуб аст, зеро Қуръон китобҳои пеш аз худ нозилшударо ҳамчу Тавроти Мӯсо (а) ва Инҷили Исо (а) ва дигар китобҳову саҳифаҳоро тасдиқ дорад.
Илова бар ин, мақсад аз нозил намудан Қуръон барои он аст, ки дар навбати аввал Муҳаммад (с) аҳли Маккаи мукаррама ва касонеро, ки атрофи он шаҳранд, бим диҳад, хатоҳои онҳоро фаҳмонад, роҳи ризои Аллоҳро ба онҳо нишон диҳад ва аз масъулиятҳояшон онҳоро огоҳ созад.
Акнун чанд маълумот оид ба калимаи Уммул Қуро – (модари шаҳрҳо): Маккаи мукаррама барои он Уммул Қуро номида шудааст, ки дар он аввалин хонае, ки барои ибодат бино шудааст, мавҷуд аст. Ва ҳамчунин он маҳалли ҳаҷҷи ҳоҷиён аст ва фаромадани ваҳйи илоҳӣ (нузули Қуръон) низ дар он ҷо сурат гирифтааст. Ривояти дигаре расида, ки аз ҳайсияти ҷуғрофӣ марказ (ноф)-и Замин аст. Ҳама мардуми мусалмон, дар кадом гӯшаи Замин, ки набошанд, бо амри Аллоҳтаъоло намози хешро рӯ ба сӯйи он гардонида адо мекунанд. Аз ҳамин шаҳр Расулуллоҳ (с) аввалин даъвати мардумро ба сӯйи Ислом оғоз намуданд. Дар он шаҳр нишонаҳои хеле пайғамбарҳо аз ҷумлаи Одам (а) ва Иброҳим (а) ва Исмоъил (а), оби Замзам, кӯҳи Сафо кӯҳи Марва ва дигар нишонаҳои таърихӣ вуҷуд дорад.
Дар давоми оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки бо он китоб то битарсонӣ касонеро, ки ба рӯзи қиёмат бовар доранд. Онҳо, албатта, ба Қуръон имон меоранд ва ба амру наҳйи он гӯш фаро мениҳанд ва вақти намозҳои худро муҳофизат менамоянд, яъне намозҳои худро дар вақтҳояшон адо мекунанд, зеро бохабаранд, ки намоз яке аз асосҳо ва сутунҳои дин аст. Бидуни намоз даъвои хавф аз Худову тарс аз даҳшатҳои рӯзи охират дурӯғ аст. Намоз тасдиқкунандаи он аст, ки шахси намозхон ба рӯзи қиёмат бовар дорад.
Дар ояти зер Аллоҳтаъоло сифати шахсонеро, ки Қуръону ваҳйи илоҳиро дурӯғ меҳисобанду ба Аллоҳ буҳтонҳо мебанданд, баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «