Сураи Анъом Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 93

وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا أَوْ قَالَ أُوحِيَ إِلَيَّ وَلَمْ يُوحَ إِلَيْهِ شَيْءٌ وَمَنْ قَالَ سَأُنْزِلُ مِثْلَ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ ۗ وَلَوْ تَرَىٰ إِذِ الظَّالِمُونَ فِي غَمَرَاتِ الْمَوْتِ وَالْمَلَائِكَةُ بَاسِطُو أَيْدِيهِمْ أَخْرِجُوا أَنْفُسَكُمُ ۖ الْيَوْمَ تُجْزَوْنَ عَذَابَ الْهُونِ بِمَا كُنْتُمْ تَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ غَيْرَ الْحَقِّ وَكُنْتُمْ عَنْ آيَاتِهِ تَسْتَكْبِرُونَ ٩٣

Ва ман азламу мим ман-ифтаро ъалаллоҳи казибан ав қола уҳия илайя ва лам йуҳа илайҳи шай-у-в ва ман қола саунзилу мисла ма анзалаллоҳ. Ва лав тара изи-з-золимуна фӣ ғамароти-л-мавти ва-л-малаикату баситу айдӣҳим ахриҷу анфусакум. Ал-явма туҷзавна ъазаба-л-ҳуни би ма кунтум тақулуна ъалаллоҳи ғайра-л-ҳаққи ва кунтум ъан айатиҳӣ тастакбирун. 93.

93. Ва кист ситамгортар аз касе, ки бар Аллоҳ дурӯғеро барбаст ё гуфт: «Бар ман ваҳй фиристода шудааст» ва ҳол он ки бар вай ҳеҷ чиз ваҳй фиристода нашудааст? Ва кист золимтар аз касе ки гуфт: «Зуд бошад, ки нозил гардонам монанди он чӣ Худо нозил гардонидааст? Ва агар бошанд, ки дар вақти сакароти марг ту ҳоли золимонро бубинӣ (тааҷҷуб мекунӣ), фариштагон дастҳои худро кушодаанду мегӯянд: «Берун оред рӯҳҳои худро!». Имрӯз ба сабаби он чӣ бар Аллоҳ ноҳақ мегуфтед ва будед, ки аз оёти Ӯ саркашӣ мекардед, ба азоби хоркунанда ҷазо дода хоҳед шуд.

Дар шаъни нузули ояти мазкур байни муфассирони олиқадр ихтилофи назар вуҷуд дошта бошад ҳам, локин дар эзоҳ додани маънои ин оят онҳо бо ҳам итифоқанд. Масалан, Ибни Касир сабаби нузули ин оятро дар шаъни Мусайламатули каззоб (Мусайламаи дурӯғгӯ), ки даъвои пайғамбарӣ дошт, донистааст. Баъзе аз онҳо ин оятро мутаалиқ ба онҳое донистаанд, ки чуноне дар сураи «Анфол», ояти 31-ум хабарашон омадааст, мегуфтанд: «Агар мехостем, монанди ин Қуръон мо низ қатъӣ сухан мегуфтем». Бархе аз муфассирин сабаби нузули ин оятро дар шаъни Абдуллоҳ ибни Саъд ё ибни Сарҳ донистаанд. Вай яке аз котибони Расулуллоҳ (с) буд, ки ӯ ваҳйи илоҳиро аз забони Расулуллоҳ (с) менавишт. Вақто ки хиёнат карду муртад шуд, ба мушрикон пайваст, иддао намуд, ки ман ҳам метавонам монанди оятҳои Қуръон эҷод намоям. Ба ҳар ҳол ояти мазкур монанди дигар оятҳои Қуръонӣ маънои умумӣ дошта, алайҳи шахсони дар фавқ зикргардида ва амсоли онҳо муборизаи бе амон мебарад.

Хулоса, ояти мавриди назар ин тоифаро таҳти фишори шадид қарор дода, дар нахуст ҷумлаи худ фармудааст, ки оё аз касе, ки аз худ ба Худо дурӯғу туҳматҳо баста гӯяд, ки Худованд бар ҳеҷ кас чизе нозил накардааст ё оятҳои Аллоҳро таҳриф (дигаргун) созад ё даъвои пайғамбарӣ намуда гӯяд, ки барои ман ҳам ваҳйи илоҳӣ омада истодааст, ҳол он ки барои ӯ ба ғайр аз илқои шайтони малъун ҳеҷ чизе (ваҳй) нашудааст ё гӯяд, ки ман ба мубориза бар зидди Қуръон қодираму метавонам монанди ончи Аллоҳ ба Муҳаммад нозил кардааст (чун Мусайламатул Каззоб ва Асвади Ансӣ ва Сарҳ), менависам (ва ғайра) ситамгортаре ҳаст? Яъне ин гуна инсонҳо дар ситамгорӣ ва гумроҳӣ дар дараҷаи аввал қарор дошта, мехоҳанд роҳи ҳақро ба рӯйи мардум банданд ва онҳоро низ мисли худ гумроҳ созанд. Оё аз ин ситаме болотар ҳаст, ки инсоне, ки худ салоҳияти роҳбарӣ надорад лекин, мисли Мусайлама алайҳи Қуръон ва алайҳи роҳбари илоҳӣ, Муҳаммад Мустафо (с) мубориза барад?

Дар давоми ояти мазкур Аллоҳ таъоло ҳолати марги ин гуна инсонҳоро баён намуда, Ҳабиби Худ (с)-ро хитоб намуда фармудааст, ки агар ту ҳангоми ҷонсупории ин гуна шахсон ҳозир бошӣ, мавридҳои хеле даҳшатоварро мушоҳида хоҳӣ кард! Яъне дар ҳолати сакарот (талвосаи ҷон кандан) болои сари онҳо фариштагони вобаста ба гирифтани ҷон дастҳои худро кушода, бо овози тунду раъдмонанд мегуянд, ки шумо ҷонҳои худро тезтар таслим кунед!

Ё агар ҷонро тасарруф карда бошанд, ба онҳо мегӯянд: Ҷонҳои худро аз мо тезтар ба худатон баргардонед то аз ин вазнинӣ шумо халос шавед! Локин афсӯс аз дасти онҳо дар он ҳолат ҳеҷ чиз намеояд. Ё ҷони онҳо аз тарси фариштагони қабзи ҷон гурехта, дар тамоми бадани онҳо парешон мешавад.Фариштагони азоб онҳоро то баромадани ҷонҳояшон бо гурзи оҳанин мезананду мегӯянд, ки шумо ба Аллоҳ таъоло фикру суханҳои ноҳақро нисбат медодед, ба ягонагии Ӯ ш


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

ирк меовардед, ваҳйи Илоҳиро мункир будед, оятҳои нозилшударо тасдиқ надоштед, ба онҳо имон намеовардед ва мутобиқи онҳо амал намекардед, пайғамбарони илоҳиро эътироф надоштед, ҳоло имрӯз хоршудагонед ва ин азоби хоркунанда насиби шумост, бароред ҷонҳои худро. Ин гуна азоб бо гуноҳҳои содиркардаи шумо мувофиқ аст. Мо ба шумо чизе зиёд накардаем, ки шумо даъвои додситонӣ кунед.

Хулоса, дар бораи фарқияти ҳолати марг барои муъмин ё кофир ҳадисҳои мутавотири бисёр ривоят шудаанд.

Мазмуни ояти 27-уми сураи «Иброҳим», ки акси маънои ояти мазкур аст, гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунад. Дар он Худованд ба муъминон башорат дода гуфтааст: «Юсабитуллоҳу-л-лазӣна аману би-л қавли-с-собити фи-л ҳаёти-д-дунё ва фи-л ахираҳ».

Зимни маънои ин оят Аллоҳ таъоло барои муъминон хабари аниқро расонида, гуфтааст, ки ҳастанд касоне ки дар дили худ имонро чунон ҷой доданд, ки он бо тамоми аъзоҳо амал карданро низ дар бар гирифта аст. Яъне онҳо бо иҷро намудани амрҳои Аллоҳтаъоло имони қалбиро пурсамар сохтаанд. Агар шубҳаҳои зидди имонӣ ба қалби онҳо ҳуҷум кунанд ҳам, Аллоҳтаъоло ин гуна шахсонро дар ҳамин дунё ба он имони комиле, ки доранд, устувору қоим нигоҳ медорад. Ҳамчунин ҳангоми мавт ҳам ин гуна шахсонро Худованд дар дини Ислом собит гардонида ва хотимаи зиндагии дунявии онҳоро нек мегардонад. Дар қабр ҳам (вақто ки фариштагон аз ӯ савол мекунанд, ки Рабби ту кист ва дини ту чист ва набийи ту кист?) Худованд онҳоро дар имони худ устувор нигоҳ дошта, ба додани посухи саҳеҳ ҳидоят мекунад ва онҳо дар ҷавоб мегӯянд: “Рабби ман Аллоҳ, дини ман Ислом, пайғамбари ман Муҳаммади Мустафо (с) аст.”

Дар ояти баъдӣ барои он каззобони (дурӯғгӯёни) золим суханҳои таън идома меёбад.

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 94 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)