Сураи Анъом Ояти 94 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анъом Ояти 94 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анъом Ояти 94

وَلَقَدْ جِئْتُمُونَا فُرَادَىٰ كَمَا خَلَقْنَاكُمْ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَتَرَكْتُمْ مَا خَوَّلْنَاكُمْ وَرَاءَ ظُهُورِكُمْ ۖ وَمَا نَرَىٰ مَعَكُمْ شُفَعَاءَكُمُ الَّذِينَ زَعَمْتُمْ أَنَّهُمْ فِيكُمْ شُرَكَاءُ ۚ لَقَدْ تَقَطَّعَ بَيْنَكُمْ وَضَلَّ عَنْكُمْ مَا كُنْتُمْ تَزْعُمُونَ ٩٤

Ва лақад ҷиътумуна фурода кама халақнакум аввала маррати-в ва тарактум-м ма хаввалнакум вароа зуҳурикум.Ва ма наро маъакум шуфаъаакуму-л-лазӣна заъамтум аннаҳум фӣкум шуракаъ. Лақа-т-тақаттаъа байнакум ва Залла ъанкум ма кунтум тазъумун. 94.

94. Ва батаҳқиқ, чуноне ки шуморо бори аввал офаридем, барои ҳисоб ба сӯйи Мо як-як омадед, он чӣ шуморо ато карда будем, паси пушти худ гузоштед. Ва ҳамроҳи шумо шофиъони шуморо ки гумон кардед, онҳо дар ибодат (ба Аллоҳ) шариканд, намебинем. Ҳаройина, пайванди миёни шумо бурида шуд ва гум шуд аз шумо он чӣ гумон мекардед.

Дар Қуръони карим ба мазмуни ин оят оятҳои зиёде омадааст. Аз он ҷумла, ояти 22-юми ҳамин сура, ояти 64-уми сураи «Қассас», ояти 166-уми сураи «Бақара», ояти 101-уми сураи «Муъминун», ояти 25-уми сураи «Анкабут», ояти 19-уми сураи «Фуссилат», ояти 21-уми сураи «Ҳуд», ояти 87-уми сураи «Наҳл» ва ғайра.

Муфассирони олиқадр мазмуни ояти мазкурро давоми ояти қаблӣ дониста, онро чунин эзоҳ додаанд: Вақто ки фариштагони вобаста ба қабзи рӯҳ, рӯҳи мушриконро бо тундию дуруштӣ аз баданашон мегиранд, рӯзи қиёмат онҳоро ба назди Аллоҳ, чуноне ки дар ҳадиси шариф омадааст, мисли даврони таваллудашон урён сарлучу пойлуч ҳозир мекунанд. Худованд ба онҳо дар он рӯз мегӯяд, ки ҳангоми нахустин бор ба дунё омадан шумо як-як аз модар таваллуд шудед, ҳоло мисли он давра шумо боз урён, бе хонаву дар, бе молу ҳол, бе он чизе, ки ба ҷойи Худо мепарастидед, яъне бе такягоҳ ва заъифу нотавон як-як назди мо омадед ва ҳар нозу неъмат ва ҳар обрӯву мансабе, ки дар дунё ба шумо бахшида будем, ҳамаи онро пушти сар гузошта, чизе аз барои нафъи худ ин ҷо наовардаед. Он давлату мансаби пасисаргузоштаи шумо барои шумо дар ин рӯзи пурдаҳшат ҳеҷ нафъе расонида наметавонад. Он чизҳое, ки шумо мепарастидед ё дар ибодат ба Аллоҳ онҳоро шарик меҳисобидед ва мегуфтед, ки назди Аллоҳ онҳо моро шафоъат мекунанд, имрӯз чаро ҳамроҳи шумо нестанд? Чаро шумо ба танҳоӣ ба назди мо омадед? Чаро байни шумо ва бутҳоятон алоқа қатъ шуд? Чаро ҳама он воситаҳое, ки ба фоидаи худ ҳисоб мекардед, имрӯз несту нобуд шудаанд? Барои чӣ онҳо ҳамроҳи шумо нестанд, то шуморо ёрӣ кунанд? Худоё, аз ин гуна суолҳо дар паноҳи худат моро нигоҳ дор. Омин!

Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ аз Расулуллоҳ (с) чунин ривоят омадааст, ки ӯ (с) фармудаанд: Фарзанди Одам мегӯяд: “Моли ман! Моли ман!” Ба ӯ гуфта мешавад: “На! Моли ту он аст, ки онро хӯрдӣ ва фанояш намудӣ ё пӯшидию кӯҳнааш сохтӣ ё онро садақа додию барои қиёмати худ захирааш кардӣ. Бидон, ки ҳар чизеро ғайри инҳо гузоштаӣ, онро барои мардум гузоштаӣ.”

Оятҳои зер аз сифатҳои Аллоҳ таъоло сухан мекунанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анъом «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анъом Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Анъом Ояти 95 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)