Сураи Аъроф Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Аъроф Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аъроф Ояти 6

فَلَنَسْأَلَنَّ الَّذِينَ أُرْسِلَ إِلَيْهِمْ وَلَنَسْأَلَنَّ الْمُرْسَلِينَ ٦

Фа ла нас-аланна-л-лазӣна урсила илайҳим ва ла нас-аланна-л-мурсалӣн. 6.

6. Пас, ҳаройина, касонеро, ки ба сӯйи онҳо пайғомбарон фиристода шуд, мепурсем ва ҳаройина, фиристодашудагон (пайғомбарон)-ро (низ) мепурсем.

Зимни мазмуни ин оят дар “Саҳеҳ”-и Муслим ва “Саҳеҳ”-и Бухорӣ дарҷ гардидааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин фармуданд: «Ҳамаи шумо роъӣ (посбон) ҳастед ва ҳамаи шумо (рӯзи қиёмат) аз раъияти худ пурсида мешавед. Пас имом (сардор, пешво) аз раъияти (зердастони) хеш пурсида мешавад, мард аз аҳли байташ пурсида мешавад ва зан аз хонаи шавҳараш пурсида мешавад ва ғулом аз моли сайидаш пурсида мешавад».

Хулоса Аллоҳ таъоло ба воситаи ин оят хабар додааст, ки мо дар оянда касонеро, ки ба сӯй онҳо пайғамбаронро фиристодем, мепурсем, пайғамбарони фиристодам мо шуморо ба роҳе, ки ба Ҷаннат мебурд, даъват намуданд, дар посух чи чавоб додед? Оё иршоди пайғамбаронро пазируфтед ё не? Маълум шуд, ки пурсиши оммаи халқ барои дилкӯбии куффору осиҳо ва азоби онҳост. Ҳамчунин дар он рӯз пайғамбаронро низ, албатта, савол карда мешаванд, ки оё даъвати пайғамбарии худро ба онҳо расонидед ва амонатро адо намудед? Умматҳоятон ба ин даъват чи посух доданд? Чи касе итоъат намуд ва чи касе исён варзид? Ҳам роҳбарон, ҳам пайравон, ҳам пешвоён ва ҳам тобеъон мувофиқи мартабаашон рӯзи қиёмат (назди Аллоҳ) пурсида мешаванд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Аъроф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аъроф Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аъроф Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)