Сураи Аъроф Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Аъроф Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Аъроф Ояти 7

فَلَنَقُصَّنَّ عَلَيْهِمْ بِعِلْمٍ ۖ وَمَا كُنَّا غَائِبِينَ ٧

Фа ла нақуссанна ъалайҳим би ъилми-в ва ма кунна ғаибӣн. 7.

7. Пас, албатта, барои онҳо бо илми Худ (ҳама амалҳои онҳоро) баён хоҳем кард ва Мо ҳеҷ ҷо ғоиб набудем.

Аллоҳ таъоло дар ин оят таъкидан хабар додааст, ки ҳеҷ чиз аз илми мо махфӣ намондааст. Яъне ҳар амали хурд, ё бузург, бисёр ё андакеро, ки байни онҳо ва пайғамбарон дар ҳолати даъват гузаштааст, фариштагони кироманкотибин сабт намудаанд. Дар он рӯз бо ривояти ибни Аббос (р) он китобро кушода аз рӯи он ба онҳо аз ҳар он чи ки карданд ва ё гуфтанд, ҳамчун қисса, (барои тамом шудани ҳуҷҷат) хабар дода мешавад. Вагарна Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз бо илми Худ доно асту бар ҳама кор қодир. Зоҳирану ботинан аз илми Ӯ таъоло аз он рӯйдодҳо ягон зарра ғоиб намемонад. Худованд маънои ояти мазкурро дар ояти 59-уми сураи “Анъом” таъкид намуда, фармудааст: «Намеафтад ҳеҷ барге, магар ӯро Аллоҳ таъоло медонад ва намеафтад ҳеҷ донае дар торикиҳои Замин ва на ҳеҷ тарӣ ва на ҳеҷ хушкӣ, магар ин ки дар китоби зоҳир (илми Парвардигор) сабт гардидааст».

Ба як нуқта бояд таваҷҷуҳ намуд: Чаро дар оятҳои 39-41-уми сураи “Ар-раҳмон” омадааст, ки “дар он рӯз яъне рӯзи, қиёмат аз инс ва аз ҷин саволе карда намешавад ва ҳар муҷримро аз симояш шинохта мешавад” ва ҳамчунин оятҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки савол карданро наҳй (инкор) мекунанд. Маънои он оятҳо бо маънои ояти таҳти назар, ки савол карданро собит сохтааст, дар зоҳир бо ҳам зид менамоянд? Ҷавоб: Аз маҷмуъи оятҳое, ки марбут ба саволу ҷавобанд, чунин бармеояд, ки мардум дар он рӯз марҳалаҳои гуногунеро мегузаранд. Дар баъзе марҳалаҳо саволу ҷавоб аз онҳо нест, балки бар даҳони онҳо, чуноне ки дар оят 65-уми сураи “Ёсин” мегузарад, мӯҳр зада шудааст ва аъзои бадани онҳо шоҳидӣ медиҳанд. Баъд онҳо аз марҳалаҳое мегузаранд, ки мӯҳр аз даҳони онҳо бардошта шуда ба сухан меоянду аз онҳо савол карда мешавад. Ба ҳар сурат байни ин оятҳо ихтилоф нест. Валлоҳу аълам.

Оятҳои баъдӣ санҷиши амалҳоро бо тарозу дар рӯзи қиёмат баён намуда, суолҳоеро, ки оид ба рӯзи растохез дар ин сура ва дар сураи “Муъминун” (оятҳои 102-103) ва дар сураи “Қориъаҳ” (оятҳои 6-8-ум) ва ҳамчунин дар дигар сураҳои Қуръони карим омадаанд, пурра месозанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Аъроф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Аъроф Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Аъроф Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)