Тафсири Сураи Аср Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Аср Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
وَالۡعَصۡرِۙ ١
Ва-л-ъаср. 1.
1. Қасам ба аср (замон),
“Аср” гуфта намози асрро гӯянд, ки он афзали намозҳост ё тӯли давреро гӯянд, ки инсон дар он зиндагӣ карда, умри худро аз сар мегузаронад. Муҳлати 100-солро низ аср мегӯянд.
Ё қасам аст ба асри фархундаи Пайғамбари мо (с), ки дар он нури рисолати азиме ва хилофати кабире бо фурӯғи комили хеш тулӯъ кард. Ба сабаби он мардум аз неъмати бузурги илоҳӣ, яъне Ислом бохабар шуда, аз торикии куфру залолат ба сӯйи нуру саодати абадӣ роҳ ёфтанд.
Хулоса, кадом яке аз ин маъноро гирем аз фоида холӣ нест.
Хулоса, дар ин оят Аллоҳ таъоло бо аср қасам ёд намудааст. Ояти зер ҷавоби қасам аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Аср «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «