Сураи аз-Зориёт Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 29

فَاَقۡبَلَتِ امۡرَاَتُهٗ فِىۡ صَرَّةٍ فَصَكَّتۡ وَجۡهَهَا وَقَالَتۡ عَجُوۡزٌ عَقِيۡمٌ ٢٩

Фа ақбалат-имраатуҳу фӣ сарратин фа саккат ваҷҳаҳа ва қолат ъаҷузун ъақӣм. 29.

29. Пас, зани ӯ пеш омад аз таъаҷҷуб фарёд кашиду бар, рӯи худро тапонча зад ва гуфт: «Оё пирзани нозо (бизояд)?».

Ҳангоме ки меҳмонон хабари хушро ба он ҳазрат (а) мерасониданд, завҷаи ӯ Сора, ки дар гӯшае истода буд, ин суханро шунида, аз рӯйи одате, ки занҳо доранд, аз шиддати тааҷҷуб даст ба рӯйи хеш (тапонча) зад ва аз рӯйи тааҷҷуб гуфт, ки охир чун ҷавон будам, назоидам, акнун, ки солам ба ҷое расидаасту пирзани хушк гаштаам, магар мезоям?.

Дар он вақт ҳазрати Иброҳим (а) 120 сол ва Сора 99 сол дошт. (Аз ҳошияи тафсири «Ҷалолайн»).


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)