Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 30
قَالُوۡا كَذٰلِكِ ۙ قَالَ رَبُّكِؕ اِنَّهٗ هُوَ الۡحَكِيۡمُ الۡعَلِيۡمُ ٣٠
Қолу казалики қола Раббуки иннаҳу Ҳува-л-ҳакӣму-л-Ъалӣм. 30.
30. (Фариштагон) Гуфтанд: «Парвардигори ту ҳамчунин фармуд, ҳаройина, Ӯст бо ҳикмату доно!».
Фариштагон иброз доштанд, ки инро мо аз худ намегӯем, балки хабарест аз сӯйи Парвардигорат ва ҷойи тааҷҷубу шикоят нест. Дар тақдири шумо дар азал чунин навишта шудааст. Танҳо Ӯ таъоло медонад киро кай ва чӣ бидиҳад. Ту, ки аз аҳлу байти (авлоди) нубувват (набиён) ҳастӣ, чаро тааҷҷуб мекунӣ? Аллоҳ таъоло дар санъаташ ҳаким ва ба ислоҳи халқаш доно аст ва Ӯ таъоло салоҳияти ҳар корро хубтар медонад.
Аз мазмуни оятҳо чунин бармеояд, ки он фарзанди соҳибилм ҳазрати Исҳоқ (а) будааст. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «