Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 38
وَفِىۡ مُوۡسٰۤی اِذۡ اَرۡسَلۡنٰهُ اِلٰى فِرۡعَوۡنَ بِسُلۡطٰنٍ مُّبِيۡنٍ ٣٨
Ва фӣ Муса из арсалнаҳу ила Фиръавна би султоним мубӣн. 38.
38. Ва дар (қиссаи) Мӯсо, чун ӯро бо далели возеҳ ба сӯи Фиръавн фиристодем, нишонае (низ) ҳаст.
Қиссаи ҳазрати Мӯсо (а) аз қиссаҳоест, ки дар китоби Худо гаштаю баргашта такрор мегардад. Агар мо ин қиссаро бо таваҷҷӯҳи зиёд мутолиъа намоем, роҳи тайкардаи Мӯсо (а)-ро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор бидиҳем, ба шахсияти ӯ (а), ба кӯшиш ва мақсади муборизаҳои ҳазрати Мӯсо (а) баҳои дурусту воқеъӣ бидиҳем, хоҳем дарёфт, ки ин қисса хушку холӣ набуда, балки саросар панду ҳикмат ва ибрат аст.
Аллоҳ таъоло ба ҳазрати Мӯсо (а) муъҷизаҳои зиёде дода буд, ки ба пайғамбари барҳақ будани ӯ далолат мекарданд. Аз ҷумлаи муъҷизаҳои ӯ (а) асояш буд, ки дар вақти зарурӣ бо изни Худованд ба аждаҳо табдил меёфт ва боз ба сурати аввалаи худ бармегашт.
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «