Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 45
فَمَا اسۡتَطَاعُوۡا مِنۡ قِيَامٍ وَّمَا كَانُوۡا مُنۡتَصِرِيۡنَۙ ٤٥
Фа мастатоъу мин қийами-в ва ма кану мунтасирӣн. 45.
45. Пас, бархоста натавонистанд ва интиқомгиранда набуданд.
Яъне он қавми саркаш аз амри Парвардигори худ рӯ тофтанд, ба Расули Ӯ пайравӣ нанамуданд, мағрур шуданду кибр варзиданд ва дар назди Аллоҳ осӣ (гумроҳ) гаштанд. Баъд аз куштани уштур, ҳазрати Солеҳ (а) онҳоро аз фаро расидани ҳалокашон ҳушдор дода буд, вале аз рӯйи ғурурашон ба ӯ (а) бовар накарданд. Азоби илоҳӣ барои онҳо баъди се рӯз дар намуди як наъраи даҳшатборе омад. Онҳо онро бо гӯш шуниданд ва натиҷаашро бо чашм диданд, зеро воқеъа дар рӯзи равшан рӯй дод.
Ибни Касир гуфта, ки он қавм се рӯз интизор буданд, вале ба омадани азоби Аллоҳ он қадар боварӣ надоштанд.
Дар ривояте омада, ки ҳазрати Солеҳ (а) баъди се рӯз омадани азобро барои қавми Самуд ваъда дода буд ва ҳамчунин гуфта буд, ки фардо рӯйҳои шумо зард, рӯзи дигар сурх ва рӯзи сеюм сиёҳ хоҳад гашту саҳарии рӯзи чаҳорум азоби Худо аз баҳри шумо хоҳад омад. Чун бо гузаштани вақт нишонаҳои расули Аллоҳ гуфтаро дар худ диданд, саъй карданд, то ӯ (а)-ро ҳалок созанд, вале Аллоҳ таъоло пайғамбарашро наҷот дод. Рӯзи чаҳорум гирифтори азоби Аллоҳ гаштанд ва ҳеҷ гуна кӯмак на аз худ ва на аз ҳеҷ ҷонибе надиданд. Ҳатто ки дигар аз ҷои худ хеставу фирор карда натавонистанд. Пас чӣ гуна метавонистанд аз Аллоҳ барои худ интиқоме гиранд? Оё онҳо чуну чаро карда тавонистанд? Албатта, не!!!
Дар давоми ин қиссаҳо ҳамчунин Аллоҳ таъоло аз ҳалоки қавми Нӯҳ (а) ёдрас мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «