Сураи аз-Зориёт Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 53

اَتَوَاصَوۡا بِهٖ‌ۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٌ طَاغُوۡنَ‌ۚ ٥٣

А-тавасав биҳ. Бал ҳум қавмун тоғун. 53.

53. Оё барои инкори Расул бо якдигар васият карда омадаанд? На! Балки онҳо гурӯҳи саркашанд.

Чаро кофирону мушрикони аввала ва баъдина дар инкору озор додани расулони Аллоҳ якхеланд? Оё аввалиҳо барои изо додани расулон ба охириҳо васият карда бошанд? Оё ҷои тааҷҷуб аст аз ин ҷамоъат, ки чунин рафтори ношоистаро дар ҳаққи расулони Худо мекунанд? На! Ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест ва ҳеҷ як инкоркунандаву мушрик ҳамдигарро ба изо додани пайғамбарон ва нодида гирифтани роҳи ҳақ васияту насиҳат накардааст. Балки дар ҳар давру замон ин гуна гурӯҳи туғёнгару саркаш вуҷуд дорад ва онҳо доимо бинобар одате, ки доранд, алайҳи Парвардигор ва пайғамбарони ҳақ мубориза мебаранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)