Сураи аз-Зориёт Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 58

اِنَّ اللّٰهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الۡقُوَّةِ الۡمَتِيۡنُ ٥٨

Инналлоҳа Ҳува-р-Раззақу Зу-л-қуввати-л-матӣн. 58.

58. Ва албатта, Аллоҳ ҳамон аст Рӯзидиҳандатару Худованди тавонои матин (зуровар).

Худованди таборак ва таъоло аз инсу (инсону) ҷин ризқ талаб намекунад, балки онҳоро ризқ медиҳад. Аз онҳо таъом намехоҳад, балки ба онҳо таъом медиҳад. Аллоҳ таъоло аз инсу ҷин барои фоидаи худашон тоату ибодат талаб мекунад. Албатта, ибодаткунанда аз ибодати худ баҳра мебарад, зеро саодати ду дунёро ба сабаби ибодат соҳиб мегардад. Аллоҳ таъоло мегӯяд, ки Ман ба ибодати касе ниёз надорам ва аз бандагии (ибодати) онҳо ба Ман на суде ҳаст ва на зараре. Ман мисли хоҷагон аз бандагони худ чизе аз ризқу таом мунтазир нестам ва тамаъ ҳам надорам.

Бандаи хокиро зарур аст, ки оҷизии худ ва бузургии Парвардигори худро эътироф карда, қавлану феълан ба он Худои бузург, Подшоҳи ҳамаи подшоҳон таъзим кунаду таслим шавад, то аз лутфу марҳамати Ӯ таъоло бенасиб намонад. Ҳар кӣ бебаҳра монад, пас бар нафси худ ҷабр кардааст.

Хулоса, Аллоҳ таъоло кафили ризқу ҳоҷати бандагони Худ буда, соҳиб қудрати бемонанд аст. Аз Ӯ таъоло ҳеҷ вақт оҷизию заъифӣ пайдо намешавад. Худованд бар ҳама чиз қодиру тавоност.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)