Сураи бақара Ояти 260 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 260 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 260

وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِ‍ۧمُ رَبِّ أَرِنِي كَيۡفَ تُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰۖ قَالَ أَوَ لَمۡ تُؤۡمِنۖ قَالَ بَلَىٰ وَلَٰكِن لِّيَطۡمَئِنَّ قَلۡبِيۖ قَالَ فَخُذۡ أَرۡبَعَةٗ مِّنَ ٱلطَّيۡرِ فَصُرۡهُنَّ إِلَيۡكَ ثُمَّ ٱجۡعَلۡ عَلَىٰ كُلِّ جَبَلٖ مِّنۡهُنَّ جُزۡءٗا ثُمَّ ٱدۡعُهُنَّ يَأۡتِينَكَ سَعۡيٗاۚ وَٱعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ٢٦٠

Ва из қола Иброҳиму Рабби арини кайфа туҳйи-л мавто. Қола ава лам туъминн қола бало ва локи-л ли ятмаинна қалби. Қола фа хуз арбаъата-м мина-т тайри фа сурҳунна илайка сауммаҷъал ъало кулли ҷабали-м минҳунна ҷуз-ан сумма-дъуҳунна яътинака саъйо. Ваълам анналлоҳа Ъазизун Ҳаким. 260.

260. Ва (ба ёд ор он вақтеро, ки) чун Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман бинамо, ки чӣ гуна мурдагонро зинда мекунӣ?». Аллоҳ гуфт: «Оё бовар надоштаӣ?». Иброҳим гуфт: «Оре! Бовар доштаам, лекин мехоҳам, ки дили ман ором гирад». Аллоҳ гуфт: «Пас, бигир чаҳор тан аз паррандагонро, пас, бо ҳам овар ҳамаро реза-реза назди худ, баъд аз он бар ҳар кӯҳе пораеро аз онҳо бигзор, баъд аз он онҳоро нидо кун. Албатта, шитобон назди ту биёянд. Ва бидон, ки Аллоҳ ғолибу устуворкор аст».

Дар ин оят Худованд ба Ҳабиби худ (с) бо далелҳои равшан қиссаи сеюмро оид ба баргардонидани рӯҳ ба ҷисми мурда, мисол оварда, фармудааст, ки дар ёд ор, вақто ки Иброҳим (а) аз Парвардигори худ талаб намуд, ки ай Парвардигори ман, бинамо маро, чӣ гуна мурдагонро зинда мегардонӣ? Худованд бо хитоб ба ӯ гуфт, ки оё ба зинда гардонидани мо бовар надорӣ? Иброҳим (а) гуфт, ки бовар дорам, лекин мехоҳам бо чашм бубинам, то ки дилам ором шавад. Яъне Иброҳим (а) имон (бовар) дошт, ки Худованд дар ҳақиқат мурдагонро аз нав зинда мегардонад, локин мехост, ки манзараи боз гаштани рӯҳро ба ҷисми мурда, бо чашм дида, дилаш соҳиби илми яқин гардад. Диле, ки соҳиби илми яқин мегардад, дар ҳақиқат ором мешавад. Худованд хости Иброҳим (а)-ро иҷобат намуда, ӯро фармуд, ки чаҳор паррандаро гир. Онҳоро забҳ куну резе-реза кун ва ҳамаи аҷзои онҳоро бо ҳам омехта кун, то ин, ки дигар гӯшташон дар назарат аз ҳамдигар фарқе накунанд. Он омехтаҳоро ба чаҳор тақсим кун ва ҳар тақсимро бар сари кӯҳе бимон. Баъд ҳар яки онҳоро ба назди худ бихон, онҳо бо сурати аслиашон ба назди ту парвозкунон меоянд.

Муҷоҳид (р) мегӯяд: “Баъди шунидани ин сухан Иброҳим (а) товус, зоғ, каргас ва хурӯсро гирифта, онҳоро забҳ карда, он чи ки Худованд фармуд, иҷро намуд.” 

Бо ривояти Ибни Аббос (р) онҳоро бар сари 7 кӯҳ бимонду бо номҳояшон нидо кард, ҳама ба сӯи сарҳои худ давиданду ба онҳо часпида, мисли аввала, гӯё ба онҳо чизе нашуда бошад, омаданд. Аллоҳтаъоло дар охири ояти мазкур фармудааст, ки ай мухотаб, бидон, ба дурустие, ки Аллоҳтаъоло дар ҳама корҳои худ ғолибу қодир аст. Ӯро дар иродаи Худ ҳеҷ чиз оҷиз гардонида наметавонад ва дар тадбири корҳои Худ бисёр хуб ҳаким аст, тамоми зарроти бадани мурдагонро ба хубӣ мешиносад ва барои ҷамъи онҳо тавоноӣ дорад. Он чи нақл шуд як ҷузъи нишонаи рӯзи растохез буд. 

Ояти баъдӣ дар роҳи Аллоҳ сарф намудани молу мулкро, такрорану таъкидан баён кардааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 259 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 261 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)