Сураи бақара Ояти 261 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 261 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 261

مَّثَلُ ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ كَمَثَلِ حَبَّةٍ أَنۢبَتَتۡ سَبۡعَ سَنَابِلَ فِي 

كُلِّ سُنۢبُلَةٖ مِّاْئَةُ حَبَّةٖۗ وَٱللَّهُ يُضَٰعِفُ لِمَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ ٢٦١

Масаалу-л-лазина юнфиқуна амволаҳум фи сабилиллоҳи ка масаали ҳаббатин анбатат сабъа санобила фи кулли сунбулати-м миату ҳаббаҳ. Валлоҳу юЗоъифу лима-й-яшаъ. Валлоҳу восиъун Ъалим. 261. 

261. Масали ононе ки дар роҳи Аллоҳ молҳои худро харҷ мекунанд, монанди масали як донаест, ки бирӯёнад ҳафт хӯшаро, дар ҳар хӯша сад дона бошад. Ва Аллоҳ дучанд медиҳад ҳар киро хоҳад ва Аллоҳ бисёр васеънеъмат асту бар ҳама чиз доност.

Қуръони маҷид оиди дар роҳи ризои Аллоҳ нафақа додан таъкидҳои фаровоне дорад. Зеро нафақа аз моли ҳалол дар рӯзи қиёмат муҳимтарин асбоби наҷот аст. Аллоҳтаъоло чӣ миқдор будани савоби шахсеро, ки дар роҳи Аллоҳ садақа мекунад мисол оварда фармудааст, ки ҳар касе, ки моли худро дар роҳи Аллоҳ садақа мекунад, савоби ӯ аз 10 то 700 баробар аст. 

Яъне мисли шахсе, ки як донаи пурбаракатро дар замини ҳосилхез мекорад, дона мерӯяд ва 7-хӯша пайдо мекунад ва ҳар хӯшаи он 100-дона ҳосил мебандад, ҷамъ 700 донаро ташкил мекунад. Барои боло бардоштани калимаи Аллоҳ, дар роҳи ризои Ӯ садақа дода, савоб ёфтан ба ин монанд аст. 

Ба ин мазмун ҳадисҳо бисёр аст. Яке аз онҳоро Имоми Аҳмад ривоят кардаанд. Вақто ки Абӯ Убайда (р) мариз шуданд, саҳобагон ба аёдати ӯ омаданд ва ӯ аз Расулуллоҳ (с) дар ин хусус, он чиро, ки шунида буд, ба онҳо нақл фармуд. Абӯ Убайда (р) фармудааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Шахсе нафақа кунад, он нафақааш дар роҳи Худо равад, аҷри ӯ то 700 баробар аст. Аммо нафақа бар нафси худ ва аёли худ ё аёдати мариз ё аз роҳ дур кардани чизи ба мардум халалрасонанда 10 баробар савоб дорад. Рӯза бошад, то он гоҳе, ки бо иртикоби ҳаром онро нашиканад, сипар аст. Аллоҳтаъоло балоеро дар бадани шахсе мубтало гардонад, ин ранҷурӣ барои кам кардани гуноҳҳои ӯ каффорат аст.”

Хулоса, он чи дар боло ваъда шуд, интиҳои савоб нест, балки Аллоҳтаъоло дар охири оят фармудааст, Худованд агар хоҳад, савоби садақа ва нафақаро аз ин ҳам зиёдтар мегардонад. Зеро фазли Худованд бисёр васеъ аст ва нияти ҳар нафақакунандаеро, ки мустаҳиққи савоб мешавад, хуб медонад. Албатта, аз як дона рӯйидани 700 дона ҷои таъаҷҷуб надорад, зеро мардуми ин замон бо иродаи Худованд аз як дона то 4000 донаро дар соли боронӣ бардоштаанд. Худованд бар ҳама кор қодир аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 260 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 262 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)