Сураи бақара Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 27

ٱلَّذِينَ يَنقُضُونَ عَهۡدَ ٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ مِيثَٰقِهِۦ وَيَقۡطَعُونَ مَآ أَمَرَ ٱللَّهُ بِهِۦٓ أَن يُوصَلَ وَيُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ٢٧ 

Ал-лазина янқуЗуна ъаҳдаллоҳи ми  баъди мисоқиҳи ва яқтаъуна ма амараллоҳу биҳи ай-йусала ва юфсидуна фи-л-арЗ. Улаика ҳуму-л- хосирун. 27. 

27. Онҳое ки паймони Аллоҳро баъди бастани он мешикананд ва он чиро ки Аллоҳ ба он пайвастанро фармудааст, мебуранд ва дар рӯйи Замин фасодкорӣ мекунанд, ҳамоно онҳо зиёнкоранд.

Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур се сифати бади шахсони фосиқро баён намуда фармудааст, ки фосиқон шахсонеанд, ки ҳар он аҳде, ки дар китобҳои осмонӣ барои онҳо шуда буд, шикастанд, яъне баъди таъкиди китоби осмонӣ – Қуръон ҳам ба Муҳаммад (с) имон наоварданд. Ҳар аҳду паймонеро, ки барои имон овардан ба Аллоҳ, тасдиқи расули Ӯ таъоло ва амал бо шариатҳои даврашон дода буданд, шикастанд ва боз пайванди хешу таборӣ ва дӯстӣ бо анбиё (а) ва мӯъминонро буриданд. Илова бар ин, дар рӯи замин бо фисқу фасод ва табоҳкорӣ машғул шуда, хусусан дар боби Қуръону Пйғамбари Аллоҳ суханҳои нодурусти зиёде гуфтанд. Ин гуна инсонҳо аввалан барои худ зиёнкоранд, зеро онҳо ҳидоятро ба залолат ва мағфиратро ба азоби абадии ҷаҳаннам бадал намудаанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)