Тафсири Сураи бакара Ояти 285 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 285
ءَامَنَ ٱلرَّسُولُ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡهِ مِن رَّبِّهِۦ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَۚ كُلٌّ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَمَلَٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّن رُّسُلِهِۦۚ وَقَالُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۖ غُفۡرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيۡكَ ٱلۡمَصِيرُ ٢٨٥
Аманар-расулу би ма унзила илайҳи ми-р-Раббиҳи ва-л-муъминун. Куллун омана биллоҳи ва малаикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи ло нуфарриқу байна аҳади-м ми-р-русулиҳ. Ва қолу самиъно ва атаъно ғуфронака Раббано ва илайка-л-масир. 285.
285. Паёмбар ба он чӣ ба сӯйи ӯ аз Парвардигораш фуруд оварда шуд, бовар дошт ва муъминон ҳам ба Аллоҳ ва фиристодагони Ӯ ва китобҳои Ӯ ва пайғамбарони Ӯ имон оварданд. (Гуфтанд:) «Миёни ҳеҷ кас аз пайғамбарони Ӯ фарқ намегузорем». Ва гуфтанд: «Шунидем ва фармонбардорӣ кардем. Эй Парвардигори мо, омурзиши Туро мехоҳем ва бозгашт ба сӯйи Ту аст».
Оғозу поёни сураи «Бақара» аслҳои имон ва эътиқоди Исломиро баён мекунанд. Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур роҳу расми имон ва тавбаю тазарруъ ва итоату таслимро ба саҳобагон омӯхт. Аллоҳтаъоло дар нахустин ҷумлаи ин оят фармудааст, ки Пайғамбар (с), яъне Муҳаммад (с) ба тамоми аҳком ва эътиқодоте, ки дар Қуръон (ё дар ин сура) аз тарафи Парвардигор зикр шудааст, комилан бе каму кост бовар дорад ва онҳоро тасдиқ мекунад. Ва инчунин мӯъминҳо ҳам ҳамагӣ ба ваҳдонияти Аллоҳтаъоло ва ба фариштагони Ӯ таъоло ва ба ҳама китобҳои Ӯ ва ба ҳама пайғамбаррони Ӯ таъоло имон доранду тасдиқ намуданд. Яъне мӯъминҳо бовар доранд, ки фариштагон вуҷуд доранд, онҳо бандагони боқадру қимати Аллоҳ буда, доимо дар ибодат ва итоати бечуну-чарои Парвардигоранд. Имон овардани мӯъминҳо ба китобҳои илоҳӣ чунин аст, ки ин китобҳо дарбаргирандаи қонунҳое ҳастанд, ки мӯъминон ба воситаи онҳо бандагии Аллоҳ (ҷ)-ро ба ҷо меоранд. Имон овардани мӯъминҳо ба пайғамбарон чунин аст, ки онҳо пайғамбаронро расонандаи паёмҳои илоҳӣ барои бандагон медонанд. Онҳо мегӯянд, ҳама пайғамбарон расонандаи шариати ростини илоҳӣ ҳастанд, мо ҳеҷ кадоми онҳоро аз якдигар фарқгузорӣ намекунем. Яъне онҳо мегӯянд, ки мо на мисли яҳуду насоро ба баъзе пайғамбарон имон меорему ба баъзеи онҳо не. Балки мегӯянд, мо ба ҷамии пайғамбарон бефарқгузорӣ ва баробар имон меорем ва ҳамагиро мӯҳтарам мешуморему бозгашти ҳамаро ба сӯи Худо медонем.
Илова бар ин, мӯъминон (саҳобагон) иршоди Расулуллоҳ (с)-ро шуниданд, дар мақоми амал гуфтанд: “Парвардигоро! Шунидем ваъдаи Туро ва итоат намудем амратро”.
Худовандо! Мо инсон ҳастем, гоҳо дар дили мо ҳар гуна ҳавасҳо мегузарад, ба лағжишҳо дучор мешавем, аз Ту афви гуноҳонро мепурсему интизори омурзиши Туро дорем. Парвардигоро, медонем, ки рӯзи ҳашру нашр бозгашти ҳамаи мо ба сӯи Туст.
Имом Аҳмад ва ӯ аз Ибни Аббос (р) гуфтааст: “Вақто ки саҳобагон чунин амал намуданд, яъне бо иршоди Расулуллоҳ (с) “самиъно ва атаъно ва саламно” гуфтанд. Худованд он чиро, ки аз тоқати инсонӣ берун аст, ба ояти зер “Ло юкаллифу” мансух гардонид.” (Ибни Касир).
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «