Тафсири Сураи бакара Ояти 286 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 286
لَا يُكَلِّفُ ٱللَّهُ نَفۡسًا إِلَّا وُسۡعَهَاۚ لَهَا مَا كَسَبَتۡ وَعَلَيۡهَا مَا ٱكۡتَسَبَتۡۗ رَبَّنَا لَا تُؤَاخِذۡنَآ إِن نَّسِينَآ أَوۡ أَخۡطَأۡنَاۚ رَبَّنَا وَلَا تَحۡمِلۡ عَلَيۡنَآ إِصۡرٗا كَمَا حَمَلۡتَهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِنَاۚ رَبَّنَا وَلَا تُحَمِّلۡنَا مَا لَا طَاقَةَ لَنَا بِهِۦۖ وَٱعۡفُ عَنَّا وَٱغۡفِرۡ لَنَا وَٱرۡحَمۡنَآۚ أَنتَ مَوۡلَىٰنَا فَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢٨٦
Ло юкаллифуллоҳу нафсан илло вусъаҳо. Лаҳо мо касабат ва ъалайҳо мактасабат. Раббано ло туохизна ин-н-насина ав ахтаъно. Раббано ва ло таҳмил ъалайна исран камо ҳамалтаҳу ъала-л-лазина мин қаблино. Раббано ва ло туҳаммилно мо ло тоқата лано биҳи ваъфу ъанно вағфир лано варҳамно. Анта мавлоно фансурно ъала-л-қавми-л-кофирин. 286.
286. Таклиф (воҷиб) намекунад Аллоҳ бар ҳеҷ кас, магар миқдори тоқати ӯ, мар ӯрост он чӣ амал кард ва бар вай аст он чӣ гуноҳ кард. Парвардигоро, агар фаромӯш кунем ё хато кунем, моро ба уқубат (азоб) магир. Парвардигоро, бар сари мо бори гарон, ҳамчуноне ки онро бар касоне ки пеш аз мо ниҳодӣ, манеҳ. Эй Парвардигори мо, бар сари мо он чӣ моро бардошту тоқати он нест, манеҳ. Ва моро афв кун. Ва моро биёмурз ва моро бибахшой, Туӣ Худованди мо, пас, моро бар гурӯҳи кофирон нусрат деҳ.
Аз лутфу меҳрубонии Парвардигор барои бандагони худ ин аст, ки ба ҳеҷ кас аз андозаи тавоноиаш зиёд чизеро таклифу бар ӯ воҷиб намегардонад. Ҳар кори некӯро банда касб кунад, ба фоидаи ӯст ва ҳар кори бадеро анҷом диҳад, бар зарари ӯст. Оре, ҳар инсон маҳсули амали нек ва бади худро дар дунё ва охират мечинад ва натиҷаи онро мебинад. Агар инсон ба дафъи он чи, ки қодир аст, онро дафъ накунад, гирифтори азоб аст. Агар аз тоқаташ берун бошад, мисли васвасаҳои нафсонӣ, ки аз тоқати инсон берун аст, амал накунад, гирифтори азоб нест. Аз нишонаи имондории инсон он аст, ки ҳар чи дар дилаш васваса мешавад, ӯро бад мебинад ва аз чунин хаёлоти ботил безор аст.
Дар давоми оят Аллоҳтаъоло бандагони худро барои пурсиши дуоҳои баъдӣ иршод фармуда, иҷобати дуои бандагони худро кафолат додааст. Дар нахустин таълими дуо фармудааст, ки мӯъминон бояд, ки дар дуоҳои худ бо тазаррӯъ чунин бигӯянд, ки Парвардигоро! Агар мо фаромӯш кардем, ё хато намудем, моро ба ин сабаб азоб мадеҳ. Мо мекӯшем, то ин ки қасдан гуноҳ накунем, локин зиндагӣ ба ҳар ҳол, аз фаромӯшӣ ва хато холӣ нест. Ай Худои меҳрубон, хатоҳо ва лағжишҳои моро бубахш.
Валлоҳу аълам, он фаромӯшие ин ҷо дар назар дошта шудааст, ки саҳван ё хатоан пайдо мешавад, масалан шахси намозхон гумон мекунад, ки хуфтанро хондааст, дар асл онро нахондааст, ё ба фаромӯшӣ чизеро хӯрад, ҳол он ки ӯ рӯзадор аст. Хатоан онро гӯянд, ки дар ҳолати рӯза ғар-ғара кард, ба ғайри қасд дар гулӯяш об рафт, барои чунин корҳо аз Аллоҳ дур кардани азобро пурсидан айни муддаост.
Аммо он фаромӯшиҳое, ки саҳван ё хатоан нест, балки инсон ин гуна фаромӯшиҳоро одат намудааст, чунонеки ояти 14-уми сураи «Саҷда» мефармояд: “Бичашед азоби Худоро ба сабаби он чие, ки фаромӯш кардед, рӯ ба рӯ омадани ин рӯзро”, чунин фаромӯшиҳо аз инсон масъулиятро дур намесозад. Сипас, Аллоҳтаъоло дархости дувумини мӯъминонро баён намуда, аз забони онҳо мегӯяд, ки Парвардигоро! Он таклифҳо (бори вазнин)-е, ки мо тоқати бардоштани онро надорем, чунонеки бар дӯши пеш аз мо гузаштаҳо буд, бар дӯши мо манеҳ. Бори вазнин бар дӯши умматони гузашта, мисли бани Исроил буд. Аз сабаби гуноҳе, ки содир намуданд, Аллоҳтаъоло онҳоро сахт гирифт. Шарти қабули тавбаи онҳо ин буд, ки бояд накӯкорон бадкоронро бикушанд, ё агар ҷое аз либосашон наҷас мешуд, бо шустан он пок намешуд, бояд ки ҷои наҷасро буранд.
Дар чаҳорумин дархости дуо мӯъминон мегӯянд, ки Парвардигоро! Бало ва шиканҷае, ки мо тоқати бардошти онро чӣ дар дунё ва чӣ дар охират надорем, ба мо таклиф макун!
Дар панҷумин ва шашумин дуо мӯъминон аз Худованд дархост намуданд, ки Парвардигоро! Ба дафтари гуноҳи мо хати афв каш, гуноҳони моро мағфират кун, гуноҳҳои моро пӯшон, моро байни халоиқ дар дунё ва охират расво масоз! Ва ба он раҳматат, ки дар васеии ӯ ҳама ашё меғунҷад, моро низ раҳм куну роҳ деҳ! Дар ҳафтумин дархост мӯъминон мегӯянд,
ки Парвардигорро! Ту дӯсту соҳибу ёридиҳандаи моӣ, моро назди душманон хор масоз. Моро бар гурӯҳи кофирон бар онҳое, ки ба дину ба ваҳдонияти Ту ва инчунин ба Пайғамбари барҳаққат мункиранд, нусрат деҳ!
Дар ривоят омада, ки Расулуллоҳ (с) вақто ки ҳар яке аз ин дуро мехонданд, Худованд ӯро иҷобат намуда, “Оре” – мегуфт. Вақто ки Расулуллоҳ (с) сураи «Бақара»-ро хатм менамуданд, дар охир “омин!” мегуфтанд.
Аз Ибни Масъуд ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Ман қара бил оятайни мин охири суратил Бақараҳ фи лайлатин кафатоҳ”. Шахсе ду ояти сураи «Бақара»-ро дар шаб бихонад, ӯро кифоя бошад. (Бухорӣ).
Дар ривояте аз Имом Муслим омада, ки фариштае аз осмон нозил шуд ва ба Расулуллоҳ (с) гуфт: Ман шуморо бо ду нур башорат медиҳам, инҳо фақат ба шумо дода шудааст, на ба дигар пайғамбарони пешин: Фотиҳатул китоб ва хатми сураи «ал-Бақара», ҳарферо аз ин ду хонда шавад, хонандаро аҷри бузуге дода мешавад.
Дар ҳадисе омадааст, ки чун мӯъминон ин дуоро хонданд, Ҳақ таъоло фармуд: Ба таҳқиқ иҷобат кардам. Пас, гуноҳи хато ва фаромӯширо аз онон бардошт.
Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: Худои мутаол ба дунболи ҳар дуоҳое аз ин дуоҳо, «ба таҳқиқ, ки иҷобат кардам» гуфт.
ДУОИ ФИШУРДА АЗ ОЯТҲОИ ОХИР
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳом.
Парвардигоро, агар мо ба фаромӯшӣ ё хатоан гуноҳ содир кунем, бар мо сахт магир.
Парвардигоро, бори гароне, ки бар дӯши пешиниён ба сабаби гуноҳҳояшон ниҳодӣ, бар дӯши мо манеҳ.
Парвардигоро, ҳар чи ки машаққат асту тобу тавони онро надорем, бар дӯши мо магзор. Аз он чи байни мову Туст ва Ту ба онҳо донотарӣ, даргузар.
Аз он чи ки миёни мо ва бандагони Туст, моро биёмурз ва амалҳои бадамонро бар онҳо ошкоро масоз, бар гуноҳҳои мо қалами афв кашу онҳоро пӯшон, бо раҳмате аз ҷониби Хеш бар мо раҳм кун ва моро дигар дар гуноҳ наяфкан.
Ту ҳомӣ ва мададгори моӣ, мо ғуломони Туем, пас, моро бар гурӯҳи кофирон фирӯз гардон. Омин.
Поёни сураи «Бақара». Валиллоҳил ҳамд.
Худованд ёру ёвари ҳамаи мову шумо шавад. Омин.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «