Тафсири Сураи Оли Имрон – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон сураи 3-юми Қуръон буда, дар Мадина нозил шуда, аз 200 оят иборат аст.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим.
“Оли Имрон” ном бурдани ин сураи муборак барои он аст, ки дар он қисса ва фазилати оилаи Имрон, ки ӯ падари Марям (а) буд, зикр мешавад.
Аксари мардуми диндор, қатъи назар аз он ки дар кадом дине бошанд, медонанд, ки Марям модари Исо (а) аст. Фазилати сураи мазкур, чунонеки Аннавос бинни Самъон ривоят мекунад, дар он аст, ки номбурда мегӯяд, аз Расулуллоҳ (с) шунидам, ки гуфтанд: «Рӯзи қиёмат чун Қуръону аҳли онро, ки ба Қуръон амал кардаанд, оварда шаванд, пешопеши онҳо сураи “Бақара” ва “Оли Имрон” меоянд”. (Mуслим).
Сураи “Оли Имрон” дар Мадинаи Мунаввара нозил шуда, баъди сураи Бақара аз сураҳои дарозтарини Қуръон ба ҳисоб меравад. Сураи муборак ба рукнҳои асосии шаръӣ аҳамият дода, хусусан ба рукни ақидавӣ, бо овардани далелҳои шаръӣ аҳамияти хоссе медиҳад. Яъне барои ваҳдонияти Аллоҳтаъолоро донистан далелҳои асосии шаръиро пешниҳод сохта ва дар идомаи он хусусан далелҳои ба ҷиҳод дар роҳи ризои Аллоҳ далолаткунандаро пешкаши хонанда мегардонад. Барои исбот кардани ваҳдонияти Аллоҳтаъоло ва ҳаққ будани пайғамбарии Муҳаммад (с) ва росту дуруст будани Қуръон дар ин сура оятҳое нозил шудааст, ки он шубҳаҳоеро, ки аҳли китоб алайҳи Ислому Қуръон ва фаъолияти Муҳаммад (с) зоҳир намуданд, рад мекунад. Ин ҳақиқат аст, ки сураи “Бақара” аҳволи гурӯҳи аввали аҳли китобро, яъне яҳудиёнро дар бар гирифта, он нияти хабисе (нопоке), ки онҳо дар барои Ислому муслимин доштанду онро пӯшида нигоҳ медоштанд, зикр менамояд. Дар баробари ин сураи “Оли Имрон” аҳволи гурӯҳи дигареро аз аҳли китоб, ки онҳо (насоро) дар шаъни Исо (а) ҷидол намуда, ӯ (а)-ро Худо мешумориданду рисолати Пайғамбари охируззамон (с) ва Қуръонро инкор доштанд, дар бар мегирад. Тақрибан нисфи сураи “Оли Имрон” аз аҳволи онҳо сухан мекунад.
Ин сура ба он шубҳаҳое, ки гурӯҳи дувуми аҳли китоб доранд, равшанӣ андохта, алайҳи онҳо бо далелҳои равшану раднопазир муборизаи беамон мебарад, хусусан зидди он шубҳаҳое, ки аҳли китоб атрофи ҳоли Марям (а) ва Исо (а) доранд. Баъзе ишораҳо ва таҳрифоти яҳудиҳо ҳам зимни чунин далелҳои раднопазир меояд ва мусалмонҳоро аз макру дасисаҳои аҳли китоб барҳазар мекунонад. Баъдан баъзе аҳкоми шариатро мисли фарз будани ҳаҷ, дар ҳолатҳои махсус фарз будани ҷиҳод, ҳаром будани судхӯрӣ ва ҳукми шахсонеро, ки монеъуззакотанд, баён мекунад.
Дар ин сура бо таври васеъ аз ғазоҳо (ҷангҳо) мисли ғазои Бадр, ғазои Уҳуд ва дарсу ибрат гирифтани муъминҳо аз чунин ғазоҳои ибратбахш сухан меравад. Дар ҳақиқат, муъминон дар ғазои Бадр нусрат ёфтанду дар ғазои Уҳуд шикаст диданд. Сабаби шикаст ёфтани муъминон дар ғазои Уҳуд дар он буд, ки онҳо дар иҷрои амри Расулуллоҳ (с) бепарвогӣ зоҳир намуда, бо фикри худашон ба иҷтиҳоди хато роҳ доданд. Ин нофармонии онҳо аз Расулуллоҳ (с) сабаб шуд, ки муъминон аз кофирону мунофиқон калимаҳои таҳқиромезу дашномҳои бисёре шунаванд. Аммо ҳамаи ин ҳикмати Аллоҳтаъоло буд, ки бо чунин дарс онҳоро иршод фармуд ва сафи муъминонро аз чунин соҳибони дилҳои фосид, покиза намуд. Дар шаъни нифоқ ва мунофиқҳо ва собиту устувор будани муъминон дар ҳимматашон низ, сухан мекунад. Баъдан сураи муборак бо баён намудани якчанд мисолҳои муҳим, ки бар вуҷуди Парвардигори Холиқу Ҳаким далолат мекунад, аз он ҷумла, дар маҳкаму устувор будани осмонҳо ва Замин ва аз аҷоибот ва сирҳо, ки дар онҳост, инсонро водор ба фикру андеша намуда, ба поён мерасад.