Сураи бақара Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 35

وَقُلۡنَا يَٰٓـَٔادَمُ ٱسۡكُنۡ أَنتَ وَزَوۡجُكَ ٱلۡجَنَّةَ وَكُلَا مِنۡهَا رَغَدًا حَيۡثُ شِئۡتُمَا وَلَا تَقۡرَبَا هَٰذِهِ ٱلشَّجَرَةَ فَتَكُونَا مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٣٥ 

Ва қулно йа Адамускун анта ва завҷука-л-Ҷанната ва куло минҳо рағадан ҳайсу шиътумо ва ло тақрабо ҳозиҳи-ш-шаҷарата фа такуно мина-з-золимин. 35. 

35. Ва гуфтем: «Эй Одам, ту ва завҷаат дар Биҳишт бимонед ва аз хӯрданҳои Биҳишт, ҳар ҷо ки хоҳед, фаровон бихӯред ва ба ин дарахт наздик нашавед, ки аз гунаҳгорон хоҳед шуд».

Аллоҳтаъоло давоми қиссаи офариниши Одам (а)-ро ба Ҳабиби худ (с) ваҳй фармуда гуфтааст, ки Мо ба Одам (а) амр намудем, ки бо ҳамроҳи завҷаи худ -Ҳавво дар Ҷаннат бимон ва аз хӯрданиҳои он аз ҳар куҷое, ки хоҳед ба таври фаровон тановул кунед ва аммо ба ин дарахт ҳаргиз наздик нешавед, ки аз ҷумлаи гунаҳгорон мегардед! Он дарахте, ки барои имтиҳон Одам (а)-ро аз наздик нашуданаш амр шуда буд, баъзеҳо бо ривояте аз ибни Аббос (р) гуфтаанд, ки он дарахти ток буд, яҳудиҳо мегӯянд, ки гандум буд ва иддаи дигар гуфтанд, ки он сунбул, ё зайтун буд. Хулоса, дар ин боб шаш ривоят омада аст.

Саҳеҳи ривоятҳо ин аст, ки назди мо илме нест, ки ба яқин кадом дарахт будани онро маълум намоем. Аллоҳтаъоло дар Қуръон вобаста ба ин далеле нагузоштааст. Агар аз исроилиёт нақл кунем, шояд заъф бошад. Ба андешаи мо донистану надонистани он суду зиёне надорад. Мо фақат имон меорем, ки Аллоҳтаъоло Одам (а)-ро аз наздик шудан ба дарахте аз дарахтҳои Ҷаннат, ки назди Аллоҳтаъоло маълум аст, манъ фармуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)