Тафсири Сураи бакара Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 5
أُوْلَٰٓئِكَ عَلَىٰ هُدٗى مِّن رَّبِّهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ٥
Улаика ъало ҳудам ми-р Раббиҳим ва улаика ҳуму-л-муфлиҳун. 5.
5. Ишонанд бар ҳидояте аз ҷониби Парвардигори хеш ва онҳо наҷотёбандагонанд.
Сифати неки дигари мӯъминони тақводор ин аст, ки ба ҳамаи ончи аз ҷониби Аллоҳтаъоло ба Муҳаммад (с), нозил гардидааст боварӣ доранду тасдиқ мекунанд. Инчунин ба ҳамаи он пайғамбарон ва китобҳое, ки пеш аз Муҳаммад (с) нозил шуданд, имони комил доранду ҳамаи онҳоро ҳақу рост медонанд. Мӯъминони тақводор шахсоне мебошанд, ки ба рӯзи охират, яъне зинда гардонидани баъд аз миронидан, Ҷаннат, Дӯзах, тарозуи аъмол (амалҳо), ҷазо дидани бандагон вобаста ба амалҳои дар дунё содир кардаашон, бовариву эътиқод доранд ва барои он рӯз дар зиндагии ин дунёияшон омодагӣ мегиранд. Шахсоне, ки дорои чунин сифатҳои ҳасана (нек) ҳастанд, аз ҳидояти Парвардигори худ бархурдоранду соҳиби дараҷаҳои олии Ҷаннатанд ва аз азоби Аллоҳтаъоло наҷотёбандаанд.
Хулоса, сифати муттақиён чунин аст:
1. Ба ғайб имон доранд.
2. Панҷ вақт намозро дар вақташ бо хушӯъу хузӯъ мехонанд.
3. Аз ризқу рӯзие, ки Аллоҳтаъоло ба онҳо додааст, ба мӯҳтоҷон садақа медиҳанд.
4. Ба Қуръону ба ҷамиъи китобҳои осмонӣ ва ба тамоми расулони Аллоҳ имон доранд.
5. Ба рӯзи охират ва ба ҳама аҳволе, ки дар он рӯз рӯй медиҳад, боварӣ дошта, онро тасдиқ мекунанд.
Чун Аллоҳтаъоло ин панҷ сифати мӯъминонро зикр намуд, ҳамзамон бо оятҳои баъдӣ сифатҳои кофиронро низ баён сохт. Дар Қуръон услуби баён чунин аст
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «