Тафсири Сураи Фуркон Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 9
اُنْظُرۡ كَيۡفَ ضَرَبُوۡا لَـكَ الۡاَمۡثَالَ فَضَلُّوۡا فَلَا يَسۡتَطِيۡعُوۡنَ سَبِيۡلاً ٩
Унзур кайфа Зарабу лака-л амсала фаЗаллу фа ла ястатӣъуна сабӣла. 9.
9. Бубин, чӣ гуна дар ҳаққи ту мисолҳо заданд! Пас, онҳо гумроҳ шуданд. Пас, ҳеҷ роҳеро намеёбанд.
Вақто ки мушрикон дар фикри моддию иқтисодӣ фурӯ рафта, кори пайғамбариро низ ба кори шахсоне, ки нуфуси дунявиашон зиёд аст, қиёс карданду дар шаъни Расулаллоҳ (с) гуфтанд, ки ин молу ҳол надорад, чӣ хел даъвои пайғамбарӣ мекунад, Худованд дар як ҷумлаи кӯтоҳ посухи онҳоро дода ба Пайамбар (с) фармуд, ки эй Муҳаммад (с), бингар чӣ гуна мисолҳои аҷибу ғароибро барои ту заданд ва бо пиндори хеш туро таҳти таъсири сеҳр қарор дода, гуфтанд, ки ин мард сеҳр шудааст!
Ҳоло дар идомаи оят кӣ будани онҳоро ба ту маълум мекунем, ки он шахсоне, ки дар шаъни ту бӯҳтонҳоро бофтанд, гумроҳанд, онҳо роҳи савобро аз роҳи хато фарқ карда наметавонанд. Онҳо ба роҳҳои ботил даромада, ҳайрону саргандонанд, дар натиҷа қодир нестанд, роҳи дурустеро пайдо кунанд.
Хулоса, мушрикон хостанд бо суханҳои беасос болои ҳақиқат парда пӯшанд, локин ояти мазкур онҳоро гумроҳ хонд ва кӣ будани онҳоро маълум сохт.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «