Тафсири Сураи Фуркон Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 14
لَا تَدۡعُوا الۡيَوۡمَ ثُبُوۡرًا وَّاحِدًا وَّادۡعُوۡا ثُبُوۡرًا كَثِيۡرًا ١٤
Ла тадъу-л-явма субура-в ваҳида-в вадъу субуран касӣро. 14.
14. (Ва гӯем:) «Имрӯз ба як ҳалок шудан хешро дуъои бад накунед ва ба ҳалок шудани фаровон (худро) дуъои бад кунед!».
Ба тоифае, ки дар тангнои Дӯзах гирифтори азоби пурдаҳшат мешаванд ва орзуи ҳалокшавӣ мекунанд, гуфта мешавад, ки имрӯз барои худ як маротиб дуои ҳалоки худро накунед, зеро бо ин як дуъо асло ҳалок намешавед ва аз ин азобҳо наҷот намеёбед! Борҳо дуъо кунеду ҳалоки худро бихоҳед. Зеро алами ин азобе, ки ҳоло шумо гирифторед, аз алами чандин бор ҳалок шудани шумо зиёдтараст. Зеро ин азоб азоби бепоёну тӯлонист, дигар асло умед накунед, ки аз он халос мешавед. Дар ояти зер он чӣ барои шахсони мусалмон омода шудааст, бозгӯ мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «