Сураи Фурқон Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 15

قُلۡ اَذٰلِكَ خَيۡرٌ اَمۡ جَنَّةُ الۡخُـلۡدِ الَّتِىۡ وُعِدَ الۡمُتَّقُوۡنَ ‌ؕ كَانَتۡ لَهُمۡ جَزَآءً وَّمَصِيۡرًا ١٥

Қул а-залика хайрун ам ҷаннату-л-хулди-л-латӣ вуъида-л-муттақун. Канат лаҳум ҷазаа-в ва масӣро. 15.

15. Бигӯ: «Оё ин беҳтар аст ё Биҳишти ҷовидоне, ки ба парҳезгорон ваъда дода шудааст, ки онҳоро подош ва ҷои бозгашт бошад?».

Худованд дар ин оят рӯйи суханро ба Расулаллоҳ (с) гардонида, мушриконро ба доварӣ кашида, ба Расули Худ (с) фармудааст, ки ба онҳо (мушрикон) бигӯ, ки муқоиса кунед-чӣ! Оё дар коми оташи ҳамеша фурӯзон фурӯ рафтан беҳтар аст, ё дар биҳиштӣ ҷовидоне, ки саросар пур аз неъматҳосту барои шахсони парҳезгор ваъда шудааст сайру гашт беҳтар аст? Маълум аст, ки аҳли тақво, чуноне ки ояти зер ишора дорад, дар Ҷаннат бо роҳату фароғати абадӣ ҳаёт мебинанд. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)