Сураи Фурқон Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 16

لَّهُمۡ فِيۡهَا مَا يَشَآءُوۡنَ خٰلِدِيۡنَ‌ ؕ كَانَ عَلٰى رَبِّكَ وَعۡدًا مَّسۡـــُٔوۡلًا ١٦

Лаҳум фӣҳа ма яшауна холидӣн. Кана ъала Раббика ваъда-м мас-ула. 16.

16. Дар он ҷо он чӣ мехоҳанд, барояшон ҷовидон аст, ин ба (аз) Парвардигори ту ваъдаи талабидашуда аст.

Аҳли тақво чун дохили Ҷаннат шаванд, ҳарчӣ аз неъматҳо ва лаззатҳои хӯрданӣ, нӯшиданӣ, пӯшиданӣ, масканҳои дилнавоз, манзараҳои рӯҳафзо, меваҳои дилкаш, қасрҳои музайян ва ғайраро бихоҳанд, бо таври фаровону ҷовидону ройгон барои онҳо таъмин аст, ки инсон аз ҳисобашон оҷиз мемонад.

Хулоса, ба онҳо чизҳое дода мешавад, ки аз гуфту хоҳиши онҳо чунон зиёд аст, ки то ҳол на гӯше шунида, ва на чашме дида ва на дар хаёли касе гузаштааст. Ин ҳама ваъдаҳоест, ки муъминҳо дар дуъоҳояшон вафои онҳоро аз Худованд дархост мекарданд ва ба чунин рӯз мушарраф кардани онҳоро Худованд ба уҳдаи Худ гирифта буд. Худованд ҳаргиз ваъдаи Худро хилоф намекунад. Аммо барои дохили Ҷаннат шудан танҳо имон кифоя нест, балки бо роҳе рафтан лозим аст, ки инсонро ба сӯйи Ҷаннат ҳидоят кунад. Имону тақво ва амалҳои солеҳ аст, ки аҳли тақво онҳоро анҷом медиҳанд.

Барои маълумоти бештар ба ояти 194-уми сураи «Оли Имрон» ва ба ояти 8-уми сураи «Муъминун» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)