Сураи Фурқон Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуркон Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фурқон Ояти 2

اۨلَّذِىۡ لَهٗ مُلۡكُ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ وَلَمۡ يَتَّخِذۡ وَلَدًا وَّلَمۡ يَكُنۡ لَّهٗ شَرِيۡكٌ فِى الۡمُلۡكِ وَخَلَقَ كُلَّ شَىۡءٍ فَقَدَّرَهٗ تَقۡدِيۡرًا ٢

Ал-лазӣ лаҳу мулку-с-самавати ва-л-арЗи ва лам яттахиз валада-в ва лам яку-л лаҳу шарӣкун фи-л-мулки ва халақа кулла шай-ин фа қаддараҳу тақдӣро. 2.

2. Ӯ Худоест, ки Ӯрост подшоҳии осмонҳо ва Замин ва ҳеҷ фарзанде нагирифтааст ва Ӯро ҳеҷ шарике дар подшоҳӣ нест ва ҳар чизеро биёфарид, пас, онро ба андозаи дақиқ андоза кард.

Дар ояти мавриди назар Худованде, ки нозилкунандаи Фурқон аст ба чаҳор сифати худ ишора карда, хабар додаст, ки Ӯ Худоест, ки молику соҳиби осмонҳо ва Замин аст. Ҳукумату тасаруф ва фармонравоии он чӣ дар онҳост, дар ихтиёри Ӯст. Ҳамаи онҳо барои мавҷудияти худ ба Ӯ таъоло муҳтоҷанд. Ва Ӯро фарзанде нест ва касеро ба фарзандӣ, чуноне ки яҳуду насоро гумон доранд, нахондааст ва ҳамчуноне ки бутпарастон мепиндоранд, дар фармонрвоияш ҳеҷ чиз ба Ӯ шарик нест. Ӯ таъоло ҳама чизро бо қудрати Худ халқ кард, тақдиру тадбиру андозагирии онҳоро дақиқан муъайян сохт. Агар кори бадеро бинем, ин натиҷаи амалҳои бади мост. Дар бораи он чаҳор сифате, ки бо онҳо Худованд худашро дар ин оят сифат кард, Имом Розӣ (р) дар тафсири Кабири худ чунин гуфтааст:

1-ум: Ӯ таъоло соҳиби осмонҳо ва Замин аст;

2-юм: Ӯ таъоло маъбуди абадист;

3-юм: Ӯ таъоло дар Илоҳ будани Яктост;

4-ум: Ӯ таъоло бо тадбиру бо ҳикмати Худ офарандаи ҷамиъи ашёст.” Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фурқон Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фурқон Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)