Тафсири Сураи Фуркон Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
تَبٰـرَكَ الَّذِىۡ نَزَّلَ الۡـفُرۡقَانَ عَلٰى عَبۡدِهٖ لِيَكُوۡنَ لِلۡعٰلَمِيۡنَ نَذِيۡرَا ١
Табарака-л-лазӣ наззала-л-Фурқона ъала ъабдиҳӣ ли якуна лил ъаламӣна назӣро. 1.
1. Бисёр бузургу бо баракот аст он (Худо)-е ки фуруд овард Фурқон (Куръон)-ро бар бандаи Хеш, то оламиёнро бимкунанда бошад.
Дар ин оят Худованд аз Зоти худ сухан карда, фармудааст, ки Ӯ бисёр пурбаракоту заволнопазир аст, Худое, ки китоби Фурқон (Қуръон)-ро, ки ҳаққро аз ботил, ҳидоятро аз гумроҳӣ, ҳалолро аз ҳаром ҷудо мекунад, бар бандаи Худ Муҳаммад Мустафо (с), нозил кард. То ин ки ӯ (с) тамоми мардуми рӯйи оламро, хоҳ инс бошад, хоҳ ҷин, аз Худо бим диҳад, ки албатта, баъди марг бори дигар зиндашудан, ба сӯйи Худованд баргаштан, назди Ӯ ҳозир шудан, дар баробари амалҳои бад ва нек ҷазо ё мукофот гирифтан ҳақаст.
Барои маънои калимаи «Таборак»-ро пурратар фаҳмидан ба ояти 54-уми сураи «Аъроф» ва барои фаҳмидани маънои калимаи «фурқон» ба ояти 29-уми сураи «Анфол» муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «