Тафсири Сураи Фуркон Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 35
وَلَقَدۡ اٰتَيۡنَا مُوۡسَى الۡكِتٰبَ وَجَعَلۡنَا مَعَهٗۤ اَخَاهُ هٰرُوۡنَ وَزِيۡرًا ٣٥
Ва лақад атайна Муса-л-китаба ва ҷаъална маъаҳу ахоҳу Ҳаруна вазӣро. 35.
35. Ҳаройина, Мӯсоро китоб додем ва ҳамроҳи ӯ бародараш Ҳорунро вазир сохтем.
Дар ин оят Худованд сухани Худро бо қасам таъкид намуда аз саргузашти шуми қавмҳои шашгонаи гузашта чун қавми Фиръавн, қавми Нӯҳ (а), қавми Од, Самуд, асҳоби Раъс ва қавми Лут (а) хабар додааст. Дар оғоз аз қавми Фиръавн хабар дода мефармояд, ки Мо ба Мӯсо (а) китоби осмонӣ (Таврот)-ро додем ва барои кӯмаки ӯ (а) бароодараш Ҳорун (а)-ро ҳамроҳу вазираш (бардорандаи вазниниҳо) гардонидем…
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «