Тафсири Сураи Фуркон Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фурқон Ояти 8
اَوۡ يُلۡقٰٓى اِلَيۡهِ كَنۡزٌ اَوۡ تَكُوۡنُ لَهٗ جَنَّةٌ يَّاۡكُلُ مِنۡهَا ؕ وَقَالَ الظّٰلِمُوۡنَ اِنۡ تَتَّبِعُوۡنَ اِلَّا رَجُلًا مَّسۡحُوۡرًا ٨
Ав юлқа илайҳи канзун ав такуну лаҳу ҷаннату-н яъкулу минҳа. Ва қола-з-золимуна ин таттабиъуна илла раҷула-м масҳуро. 8.
8. Ё чаро аз Осмон ба сӯйи вай ганҷе партофта нашуд, ё чаро ӯро боғе нест, ки аз он бихӯрад?». Ва ситамгарон (бо ҳам) гуфтанд: «Ба ҷуз марди ҷодузада касеро пайравӣ намекунед».
Дар оятҳои қаблӣ посухи баъзе эродҳои кофирон, ки дар шаъни Қуръон гуфтанд, дода шуд. Ҳоло дар ин оят ба таънаҳое посух дода мешавад, ки дар шаъни пайғамбарии Расулаллоҳ (с) гуфта шудаанд. Худованд дар ин оят хабар додааст, ки онҳо (мушрикони Қурайш) гуфтанд, ки шахсе, ки худро пайғамбар меҳисобад, чаро мисли мо таъом мехӯрад, барои рӯзгузаронии худ мисли мо дар бозорҳо савдо мекунад ва мисли мо равуо ва касбукор мекунад? Оё шоиста аст, ки Расули Парвардагор мисли мо инсонҳо бошад?
Хулоса, бо пиндори онҳо шахсе, ки пайғамбар аст, бояд ғизо нахӯрад ва аз кору касб беҳоҷат бошад. Боз мегуфтанд, ки чаро фариштае, лоақал, аз сӯйи Худованд ба сӯйи ӯ фиристода намешавад, то барои сидқи даъваташ гувоҳ бошад ва ҳамроҳи ӯ мардумро ҳушдордиҳанда бошад? Боз мегуфтанд, ки билфарз қабул кунем, ки Расули Худо мисли мо инсон бошад, пас чаро як инсони тиҳидаст бошад, на мол дошта бошаду на сарват? Чаро ганҷе барои ӯ аз осмон фиристода нашудааст? Чаро боғе надошта бошад, ки лоақал мисли як кишоварзи оддӣ аз он бихӯрад. То ба василаи он бар мо зиёдатие дошта бошад? Тавре мебинем, он чӣ, ки мо мегӯем, дар ихтиёр надорад, пас чаро мегӯяд, ки ман пайғамбарам?
Дар охир барои мардумро аз роҳ задану фиреб додан ба шахсони муъмину пайравони Расулаллоҳ (с) гуфтанд, ки эй мардум! Оё медонед, ки шумо шахсеро пайравӣ кардаед, ки ӯ сеҳршудаву ҷинзадааст ва болои ақли ӯ сеҳр ғалаба кардааст? Ҳоло ояти зер раддияи дигарест барои бӯҳтони мушрикон, ки дар шаъни Расулаллоҳ (с) гуфтанд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Фурқон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «