Сураи Фуссилат Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 23

وَذٰلِكُمۡ ظَنُّكُمُ الَّذِىۡ ظَنَنۡتُمۡ بِرَبِّكُمۡ اَرۡدٰٮكُمۡ فَاَصۡبَحۡتُمۡ مِّنَ الۡخٰسِرِيۡنَ ٢٣

Ва заликум заннукуму-л-лазӣ занантум би Раббикум ардакум фа асбаҳтум-м мина-л-хасирӣн. 23.

23. Ва ин гумони ғалати шумост, ки дар ҳаққи Парвардигори худ андешидед. Акнун он гумони хато шуморо ҳалок сохт, пас аз ҷумлаи зиёнкорон гаштед.

Боз ба он муҷримон гуфта мешавад, ки маҳз ҳамин гумони нодурусти шумо буд, ки ба чунин рӯз гирифтор шудед. Шумо гумон мекардед, ки Аллоҳ таъоло Қодир нест аз амалҳои махфӣ хабардор бошад. Ин ҷо маълум гашт, ки гумони шумо боиси ҳалоки шумо гардид. Бале, Аллоҳ таъоло акнун шуморо ба димору ҳалок гирифтор кард ва ба сӯйи оташ равон намуд. Айни замон шумо ва аҳлу байти шумо, ки аз шумо пайравӣ намуданд, аз зумраи ҳалокшудагону зиёнкорон ҳастед ва абадӣ дар зиён боқӣ хоҳед монд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)