Сураи Фуссилат Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 24

فَاِنۡ يَّصۡبِرُوۡا فَالنَّارُ مَثۡوًى لَّهُمۡ‌ؕ وَاِنۡ يَّسۡتَعۡتِبُوۡا فَمَا هُمۡ مِّنَ الۡمُعۡتَبِيۡنَ ٢٤

Фа ий ясбиру фа-н-нару масва-л-лаҳум. Ва ий ястаътибу фа ма ҳум-м мина-л-муътабӣн. 24.

24. Пас, агар (дар азоб) сабр кунанд, пас, (сабр ба дардашон намехурад) оташ бошишгоҳи онҳост ва агар узур (афв) талабанд ҳам, пас, онҳо аз гурӯҳи афвкардашудагон нестанд.

Шояд дар зиндагии дунё баъзе сахтиҳо бо сабаби сабр паси сар гарданд. Аммо дар охират чунин нест. Сабр меварзанд ё не, мақоми доимии шахсони номбурда Ҷаҳаннам аст. Агар дархости афву бахшиш намоянд ҳам, бахшиш ба онҳо муяссар намешавад. Дунё барои онҳо дори имтиҳон буд, онҳо заррае барои ризои Аллоҳ кӯшиш надоштанд. Азобҳои рӯзи Қиёматро мешуниданд, бовар накарда, даст аз гуноҳ намебардоштанд. Акнун баъди муоинаву ба чашм дидани азоби муқарраршуда пушаймонию тавба суде надорад.

Хулоса, рӯзи Қиёмат мисли дунё нест, узру илтимос, пушаймонию сабр ва дигар ҳилаҳо ба дарди инсон намехӯрад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)