Сураи Фуссилат Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 22

وَمَا كُنۡتُمۡ تَسۡتَتِرُوۡنَ اَنۡ يَّشۡهَدَ عَلَيۡكُمۡ سَمۡعُكُمۡ وَلَاۤ اَبۡصَارُكُمۡ وَلَا جُلُوۡدُكُمۡ وَلٰكِنۡ ظَنَنۡتُمۡ اَنَّ اللّٰهَ لَا يَعۡلَمُ كَثِيۡرًا مِّمَّا تَعۡمَلُوۡنَ ٢٢

Ва ма кунтум тастатируна ай яшҳада ъалайкум самъукум ва ла абсарукум ва ла ҷулудукум ва лакин занантум анналлоҳа ла яъламу касӣра-м мим ма таъмалун. 22.

22. Ва шумо набудед, ки аз хавфи он, ки бар зарари шумо гӯши шумо, чашми шумо ва пӯстҳои шумо гувоҳӣ медиҳанд, парда кунед, валекин гумон доштед, ки бисёре аз он чӣ мекунед, Аллоҳ намедонад.

Ояти мазкур давоми ояти Қаблӣ буда, мефармояд, ки инсон аъзои худро бинобар шоҳидӣ доданашон маломат мекунад. Аъзои бадан (чашм, гӯш, пӯст) барои инсон мегӯянд, ки ай муҷримон, шумо он чиро, ки назди мо анҷом медодед, аз мо пинҳон намекардед. Зеро гумон надоштед, ки мо имрӯз бар зарари шумо шоҳидӣ медиҳем, ҳол он ки мо ҷамии корҳои шуморо медонистем. Лекин шумо аз донистани мо хабар надоштед. Ҳар чӣ аз куфру гуноҳ дар назди мо мекардед, ҳама ошкор буд, мо ҳамаро медидему медонистем. Ҳатто мувофиқи гумони фосиду ботили худ эътиқодатон ин буд, ки гӯё ҷамии корҳоятонро ё баъзеашонро Аллоҳ таъоло намедонад. Бинобар ин, шумо дар гуноҳ содир намудан ҷуръат кардед! Фақат имконияти онро пайдо мекардед, ки баъзе аз гуноҳҳои худро аз назари мардум пинҳон намоед, то эътибори худро миёни онҳо гум насозед. Аммо шахси муъмин медонад, ки ҳамеша дар ҳама ҷо Аллоҳ таъоло ҳозиру нозир аст, бинобар ин аз амалҳои ношоиста дурӣ меҷӯяд.

Ояти зер ин муқаддимаро, иншоаллоҳ, давом медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)