Сураи Фуссилат Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Фуссилат Ояти 51

وَاِذَاۤ اَنۡعَمۡنَا عَلَى الۡاِنۡسَانِ اَعۡرَضَ وَنَاٰ بِجَانِبِهٖ‌ۚ وَاِذَا مَسَّهُ الشَّرُّ فَذُوۡ دُعَآءٍ عَرِيۡضٍ ٥١

Ва иза анъамна ъала-л-инсани аъраЗа ва наа биҷанибиҳӣ ва иза массаҳу-ш-шарру фа зу дуъаин ъарӣЗ. 51.

51. Ва чун бар инсон инъом кунем, рӯйгардонию носипосӣ мекунад ва аз роҳи ҳақ паҳлуйи худро гардонида, бисёр кибр мекунад ва чун ба ӯ сахтӣ бирасад, пас, ӯ соҳиби дуоҳо ва фарёду фиғони бисёр аст.

Боз табиати инсони ношукр чунин будааст, ки ҳар вақто ба ӯ неъматҳоро арзонӣ карда шавад, аз шукри онҳо рӯгардон шуда, инъомкунандаро фаромӯш месозаду аз гардан ниҳодан пеши амрҳои шаръӣ худдорӣ мекунад. Кибр варзида, ҳавобаландиро пеша месозад. Аммо чун ба макрӯҳот ва мусибатҳо дучор биёяд, мебинӣ, ки ба тавбаю тазаррӯъ даромада, дуъоҳои бисёр мекунад. Ин аст табиати инсони инкоркунанда. Ҳангоми ба сахтиҳо дучор омадан, ба Худо рӯйи меорад, аммо чун соҳиби неъматҳо мегардад, Аллоҳро фаромӯш мекунад. Ин, албатта, барои инсон зарар аст, ки дар сахтиҳо сабр намекунад ва ба вақти соҳиб будан ба неъматҳо шукр ба ҷой намеорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Фуссилат Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фуссилат Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)