Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 52
قُلۡ اَرَءَيۡتُمۡ اِنۡ كَانَ مِنۡ عِنۡدِ اللّٰهِ ثُمَّ كَفَرۡتُمۡ بِهٖ مَنۡ اَضَلُّ مِمَّنۡ هُوَ فِىۡ شِقَاقٍۢ بَعِيۡدٍ ٥٢
Қул араайтум ин кана мин ъиндиллаҳи сумма кафартум биҳӣ ман аЗаллу мим ман ҳува фӣ шиқоқин баъӣд. 52.
52. Бигӯ: «Хабар диҳед маро: агар Қуръон аз назди Аллоҳ бошад, сипас ба он кофир шуда бошед, кист гумроҳтар аз шахсе ки ӯ дар мухолифату аз савоб дур бошад?».
Дар оятҳои гузашта нақши аҷиби табиати инсонӣ мавриди баррасӣ Қарор гирифт, ки барои мутаваҷҷеҳ сохтани ҳар инсон ба сӯйи нафсаш бисёр мутаассир буд. Аммо дар ояти мазкур Аллоҳ таъоло Расулуллоҳ (с)-ро амр мекунад, ки бар инкоркунандагони ҳақ ин суханро бигӯ, ки ай ҷамоъаи мушрикон, бе пешниҳоди ягон далеле ин Қуръонро инкор мекунед? Фикри имрӯзу Қиёматро накарда, ба Қуръон ҳамчун як китоби оддӣ хӯрдагирӣ мекунед? Шумо худро гумроҳ сохта, ба Қуръон чаро ин Қадар душманӣ доред? Аз рӯйи инсоф бигӯед, ки агар Қуръон аз назди Парвардигор нозил шуда бошад, ба ин шакку шубҳае, ки дар ҳаққи Қуръон доред, ҳукми шумо чӣ бошад? Оё аз шумо гумроҳтар касе ҳаст, ки ба Қуръон кофир шуда, аз роҳи ҳидоят фарсаҳҳо дуру гумроҳ гашта бошад? Қуръоне, ки шумо инкор доред, мисли Офтоб равшан аст. Аз назди Аллоҳ таъоло нозил шуда, дар он ҳеҷ шакку шубҳае нест. Ҳамин Қуръон ин тоифа гумроҳшудагонро хабар дода, мефармояд, ки роҳи ҳидоят инҷост дар Қуръон. Некбахтии ҳар ду оламро аз амал намудан ба Қуръон дастрас метавон намуд. Қуръон китобест башарро аз ҷаҳолату гумроҳӣ наҷот медиҳад. Он саросар панду ҳикмат аст.
Ояти зер бори дигар мушриконро ҳушдор медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «