Тафсири Сураи Фуссилат Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фуссилат Ояти 53
سَنُرِيۡهِمۡ اٰيٰتِنَا فِى الۡاٰفَاقِ وَفِىۡۤ اَنۡفُسِهِمۡ حَتّٰى يَتَبَيَّنَ لَهُمۡ اَنَّهُ الۡحَـقُّ ؕ اَوَلَمۡ يَكۡفِ بِرَبِّكَ اَنَّهٗ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ شَهِيۡدٌ ٥٣
Санурӣҳим айатина фи-л-афақи ва фи анфусиҳим ҳатта ятабайяна лаҳум аннаҳу-л-ҳаққ. А-ва лам якфи би Раббика аннаҳу ъала кулли шай-ин шаҳӣд. 53.
53. Зуд аст, ки нишонаҳои Худро, ки дар офоқ аст ва дар нафсҳои онҳо низ ҳаст, онҳоро нишон медиҳем, то барои онҳо равшан шавад, ки Ӯ ҳақ аст. Оё Парвардигори ту, ки бар ҳар чиз гувоҳ аст, басанда нест?
Аллоҳ таъоло зимни ояти мазкур он мушриконеро, ки пайғамбарии Расулуллоҳ (с) ва аз назди Аллоҳ таъоло нозил шудани Қуръонро инкор мекунанд, бори дигар бо далелҳое, ки дар хориҷи (берун) аз инсон мавҷуданд, ҳушдор медиҳад. Яъне он мушрикон сухани Расулуллоҳ (с)-ро, ки борҳо гуфт: “Қуръон сухани Аллоҳ аст, барои ҳидояти оммаи башар нозил шудааст”, Қабул накарданд. Зуд аст, ки бо далелҳое, ки дар хориҷ вуҷуд дорад, нозил шудани онро барои мушрикон собиту зоҳир месозад. Якум: Аз ҷумлаи далелҳое, ки Аллоҳ таъоло ваъда кардааст, зоҳиршавии Ислом дар тамоми гӯшаву канори дунё ва пирӯзии маънавии он бар ҳамаи динҳост. Ба гурӯҳи далелҳои хориҷ аз инсон офариниши Замин ҳам бо тамоми мавҷудоташ дохил аст. Барои инсони хирадманд ҳар як чизи дар Замин мавҷудбуда аҷоиб ва ҳайратовар аст. Осмон (коинот) ва ҷирмҳои дар он мавҷудбуда, низом ва ҳаракати онҳо, ҳодисаҳои дар он рухдиҳанда боз аҷоибтар ва ҳайратовартаранд. Магар ин ҳама далел бар ваҳдонияти Аллоҳ ва нузули (фуруд омадани) Қуръон аз назди Ӯ таъоло шуда наметавонад?
Дувум: Аллоҳ таъоло дар инсон (яъне дохили инсон) ҳамчунон аҷоибот ва ҳикматҳо халқ намудааст, ки омӯхтани онҳо то охир имконпазир нест. Мисол: яке аз аҷоибот чашми инсон аст, ки дар зоҳир ду Қатраи обро мемонад. Вале онҳоро Аллоҳ таъоло чунон арзи ҳастӣ додааст, ки аз замин то дуртарин ҷисмҳоро дар осмон дида метавонад. Ё гӯши инсон, тамоми садоҳоро бо тафовут мешунавад ва байни овозҳо фарқ мегузорад. Дигар узвҳои инсон ҳам, дорои ҳамин гуна ҳикматҳоянд. Албатта, ҳамаи ин нишонаҳои номбурда далолат бар он мекунанд, ки Қуръони маҷид аз назди Аллоҳ таъоло нозил шудааст. Ҳеҷ чиз, чи дар замин ва чи дар осмон, аз мадди назари Аллоҳи таъоло пинҳон намемонад. Ҳол он ки Аллоҳ таъоло бар ҳама чиз гувоҳ асту худ ҳақиқати Қуръонро ва ба Расулуллоҳ (с) нозил шуданашро тасдиқ мекунад. Оё ин ҳам, барои мушрикон далели басанда нест? Яқин аст, ки Қуръон китоби Раббонӣ ва осмонист ва он тарзи тоату ибодати мушриконро нодуруст шуморидааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Фуссилат «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «