Сураи Ғофир Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Гофир Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ғофир Ояти 5

كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوۡحٍ وَّ الۡاَحۡزَابُ مِنۡۢ بَعۡدِهِمۡۖ وَهَمَّتۡ كُلُّ اُمَّةٍۢ بِرَسُوۡلِهِمۡ لِيَاۡخُذُوۡهُ ؕ وَجَادَلُوۡا بِالۡبَاطِلِ لِيُدۡحِضُوۡا بِهِ الۡحَقَّ فَاَخَذۡتُهُمۡ فَكَيۡفَ كَانَ عِقَابِ ٥

Каззабат Қаблаҳум Қавму Нуҳи-в ва-л аҳзабу мин баъдиҳим. Ва ҳаммат куллу умматин би расулиҳим ли яъхузуҳ. Ва ҷадалу би-л-батили ли юдҳиЗу биҳи-л-ҳаққа фа ахазтуҳум. Фа кайфа кана ъиқоб. 5.

5. Пеш аз онҳо Қавми Нӯҳ ва ҷамоъатҳои дигаре баъд аз Қавми Нӯҳ пайғамбаронро дурӯғ ҳисобиданд ва ҳар уммат Қасд кард, то пайғамбари худро бигиранд (ва ҳар чи хоҳанд бо ӯ бикунанд) ва ба суханони беҳуда муҷодала карданд, то ҳақро аз по дароранд. Пас, онҳоро (ба бало) гирифтор кардам, пас, (бинед) чӣ гуна буд уқубати Ман?

Пеш аз кофирони Макка кавмҳои дигари бисёр гузашт, ки онҳо пайғмбарони худро дурӯғгӯй ҳисобида, бо онҳо ситеҳзаю муҷодала намуданд, яке аз онҳо Қавми Нӯҳ (а) буд, ки ба муқобили ҳақ ҳизбҳо таъсис дода, барои аз миён бурдани дини ҳақ ва набии Аллоҳ муборизаи оштинопазир бурданд. Ҳамчунин Қавмҳои Оду Самуд ва Фиръавн низ, аз ин Қабил буданд. Ҳатто кор то ҷое расид, ки он тоғиён (саркашон) ҳариси аз байн бурдани каломи раббонӣ буда, баъзе анбиёи киромро ба Қатл ҳам расониданд. Аммо алангаи оташе, ки онҳо сар дода буданд, оқибат домани худи онҳоро фаро гирифт ва ба амри Аллоҳ таъоло бо азобҳои таърихӣ ба ҳалокат расиданд.

Аллоҳ таъоло мефармояд, ки бингаред, то азоби мо чӣ гуна шадид аст, ки ҳеҷ яке аз исёнгарон дар амон намонда, ҳама аз беху бун нобуд гардиданд. Дар ҳақиқат, то ҳол аз ин гуна мардум дар ҳар гӯшаю канори дунё нишонаҳою харобазорҳо боқӣ мондаасту халос.

Мутаассифона, имрӯзҳо боз пайравони онҳо дар тан ҷомаи хусумат пӯшидаанду ҳаргиз онро аз тан дур карданӣ нестанд ва алайҳи ҳақ мубориза мебаранд.

Ҳол он ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон дар Қишри замин чандин шаҳрҳои вайроншуда пайдо гардид, ки нишонаи раднопазири уқубати Аллоҳ таъоло бар он Қавмҳои саркаш аст, вале ин нишонаҳо барои саркашон ва роҳгумзадагон дарси ибрат намешавад ва онҳо боре ҳам аз худ суол намекунанд, ки чаро шаҳру деҳоти мо болои замин асту онҳо зери замин? Чӣ боис шуд, то онҳо таги чандин мукааб хок мондаанд? Албатта, ин ҳама барои ибратгирандагони бохирад дарси бузург аст. Кӣ метавонад кафолат бидиҳад, ки шаҳрҳои имрӯза ҳам, ба чунин ҳолат дучор намеоянд?

Навъи дигаре аз тарсу бим барои муҷодалакунандагон дар ояти зер идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ғофир Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ғофир Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)