Тафсири Сураи Гофир Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ғофир Ояти 45
فَوَقٰٮهُ اللّٰهُ سَيِّاٰتِ مَا مَكَرُوۡا وَحَاقَ بِاٰلِ فِرۡعَوۡنَ سُوۡٓءُ الۡعَذَابِۚ ٤٥
Фа вақоҳуллоҳу саййиати ма макару. Ва ҳқа би али Фиръавна суу-л-ъазаб. 45.
45. Пас, Аллоҳ ӯ (марди муъмин)-ро аз сахтиҳои макри онҳо нигоҳ дошт ва оли Фиръавнро азоби баде иҳот кард,
Анҷоми ин кашмакаш чунин буд, ки Аллоҳ таъоло ҳазрати Мӯсо (а)-ро, ё он марди муъминро, ки аз оли Фиръавн буд, аз кайду найранги фиръавниён ва азобҳои гуногуне, ки барои ӯ муайян карда буданд, наҷот дод. На танҳо ҳилаҳои онҳоро ботил гардонид, балки ҳамаро бар зарари худи онҳо равона намуд. Сахттарин азоб дар дунё ғарқ гаштан аст. Аллоҳ таъоло онҳоро бо чунин азоб ба ҳалокат расонид. Азоби рӯзи охират, ки он оташи Ҷаҳаннам будаву барояшон ваъда шудааст, албатта, воқеъшаванда аст. Ин аст ҷазо ва сазои он кас, ки неъматҳои фаровони Аллоҳро истифода намуда, имон намеорад, наъузубиллоҳ, мегӯяд, ки ман ғайри худ дигар худоеро намешиносам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ғофир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «